Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони фарҳанги ШОС дар Душанбе ҷамъ омаданд


Рӯзи душанбе, 23 апрел дар шаш толори осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзоди шаҳри Душанбе намоишгоҳи мусаввирон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонхой ва ё ШОС ифтитоҳ ёфт.

Намоишгоҳи мазбур дар арафаи дидор ва вохӯрии вазирони фарҳанги шаш кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шонхой - Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Ӯзбакистон ва Русияву Чин баргузор мегардад.

Ба ҳамин тартиб, рӯзи сешанбе, 24 апрел дар Кохи Ваҳдати Душанбе вазирони фарҳанг бо ҳам дидор мебинанд. Ба иттилоъи Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни кишварҳои узви ин созмон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба иттилоиъи масъулин дар назар аст, ки дар дидори навбатӣ вазирони фарҳанг барномаи фарҳангии ин созмонро барои солҳои 2007 то 2008 матраҳ мекунанд.

Вале аз ин дидор коршиносони тоҷик камтар хушбинанд. Хуршеди Атовулло, коршиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, як мушкиле, ки садди роҳи рушди фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой мегардад, тафовути забонӣ ва тамаддунҳост, ки дар ин кишварҳо чаҳор забон ва се дин роиҷ аст.

Мунаввари Мунаввар, коршиносони дигар афзуд, ба ҳама шартномаҳо, ки миёни ин кишварҳо баста шудаанд, бо шубҳа менигардад.

Дар ҳамин ҳол, дар дидори навбатӣ вазирони фарҳанги шаш кишвар масоили баргузории намоишгоҳи санъат ва барномаҳои фестивали таронаҳои Шарқ ва намоишгоҳи мусаввиронро, ки таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» дар тӯли сол баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG