Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Расул Боқиев дар Ҷоми губернатори вилояти Челябинск


Дар ҳафтумин давраи ин мусобиқот дар шаҳри Челябинск наздики 200 варзишгар аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Паҳлавони 26-солаи тоҷик Расул Боқиев, ки ду моҳ пеш дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон лат бардошта буд, баъди табобат дар шаҳри Маскав дар Ҷоми губернатори вилояти Челябинск дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард.

Дастаи мизбон бо касби 27 медал, минҷумла 6 нишони тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ барандаи Ҷоми губернатори вилояти Челябинск гардид.

Хабари дигар. Дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе мусобиқаи мини-футбол ё футболи хурд байни дастаҳои сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия ҷараён дорад.

Баъди ҷамъбасти ду даври бозиҳо дастаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар мақоми нахуст аст. Дипломатҳои тоҷик бар тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 3 бар 1 ва бар дастаи Узбакистон бо натиҷаи 5 бар 1 пирӯз шуданд. Бо ҳамин ҳисоб дастаи Русия бар тими Бритониё ғолиб омад ва бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои Узбакистон ва Фаронса низ сеимтиёзӣ гирифтаанд ва мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум қарор доранд. Узбакистон дар нахустин дидори худ бар Фаронса бо натиҷаи 8 бар 3 ва Фаронса дар даври дувум бар Бритониё бо натиҷаи 6 бар 3 ғалаба карданд.

Дар даври севуми мусобиқот бегоҳи 24-уми апрел ИМА ва Русия, Фаронса ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Дастаи ғолиб рӯзи 29 апрел муайян хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG