Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Регар" ТадАЗ - пешсафи ягона


Ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 1 бар 0 ва «ХИМА»-и Душанбе низ бар тими меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба карданд. Се бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. «Энергетик»-и Душанбе аз тими «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 0 бар 1, «Саройкамар»-и Панҷ аз «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 0 бар 3 ва CSKA «Помир»-и Душанбе аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 3 шикаст хӯрданд. Ҳарсе голи «Вахш»-ро Меҳроб Заҳурбеков ба самар расонд.

Бад-ин тартиб баъди ҷамъбасти панҷ даври мусобиқот тими «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи бозиҳо ғалаба кардааст, бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Вахш» бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум аст. «Парвоз» ва «Тоҷиктелеком», ки як бозӣ камтар анҷом додаанд, бо 9 имтиёзӣ дар ҷойҳои севуму чаҳорум мебошанд.

Мавқеъи дастаҳои дигар дар ҷадвали мусобиқот чунин аст: 5. «ХИМА» - 7 имтиёз (5 бозӣ). 6. «Энергетик» - 7 (5). 7. «Динамо» - 7 (5). 8. «Хуҷанд» - 4 (4). 9. CSKA - 3(4). 10. «Саройкамар» - 1(4). 11. «Гвардия» - 0 (5).

Иброҳим Рабимов, бозигари «Регар» ТадАЗ бо 5 гол дар сабқати голзанҳои беҳтарини мусобиқот алҳол пешсаф аст.

Бозиҳои даври шашуми мусобиқот рӯзҳои 28-ум ва 29-уми апрел барпо мегарданд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG