Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми даври аввали интихоботи Фаронса


Тибқи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса, дар давраи дуюми интихобот рӯзи 6 май номзади ростгаро Николя Саркозӣ ва рақиби сотсиалисти вай Сеголен Роял вориди сабқати ниҳоӣ хоҳанд шуд.


Дар пайи раъдиҳӣ эълом шуд, ки дар интихобот 84 % раъйдиҳандагон иштирок карданд. Саркозии 52-сола, собиқ вазири умури дохилаи ин кишвар, бо 31 % овозҳо пешгоми мусобиқот шудааст. Шоми якшанбе вай гуфт, "Даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз пирӯзии демократия далолат мекунад."


Роаяли 53-сола умедвор аст, ки аввалин зани раиси ҷумҳурии Фаронса хоҳад шуд. Вай дар сабқати дирӯза 25 % раъйҳоро аз они худ кард. Вай пуштибононашро даъват кард, ки ба қавли худ, "Фаронсаи навро ихтироъ кунанд, ки ҳам ҳимоятгари онҳо шавад ва ҳам босуръат пеш ҳаракат кунад".


Номзади марказгаро Франсуа Бейро дар мавқеи сеюм бо 18 % раъйҳо қарор гирифт. Номзади ростгаро Жан Мари Ле Пен, ки дар интихоботи соли 2002 мавқеи дуюмро касб карда буд, дар интихоботи дирӯза бо 11,5 % овозҳо мавқеи чаҳорумро касб кард.
XS
SM
MD
LG