Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти се шаҳрванди Узбакистон дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон се нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон бо ҳукми додгоҳ барои 18 ва 19 сол равонаи зиндон шуданд.


Ба гуфтаи Исо Таваккалов, қозии мурофиаи додгоҳӣ, афроди маҳкумшуда Ғайрат Эшқулов, Абдураҳмон Қодиров ва Нозирҷон Ҳайдаров ҳамагӣ шаҳрвандони Узбакистонанд ва тобистони соли гузашта аз сӯи мақомоти Тоҷикистон боздошт гардидаанд.


Манбаъ афзуд, онҳо тибқи се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла даъват барои ғасби сохти конститутсионии Тоҷикистон ва таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муттаҳам дониста шудаанд.


Моликияти афроди маҳкумшуда мусодира гардида, онҳо дар зиндони низомаш шадид нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG