Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ироқ: "Деворро қабул надорем"


Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ ба қатъи бунёди деворе даъват кард, ки қарор аст, қисмати суннинишин Бағдодро аз манотиқи ҳамсояи шианишин ҷудо кунад.


Ал Маликӣ дар ин бора бо хабарнигорон дар Қоҳира, баъди мулоқоташ бо дабири кулли Лигаи кишварҳои Араб Амр Мусо сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки метарсад, девори мазкур боиси ба амал омадани аксуламале шавад, ки деворҳои дигар дар гузашта ба вуҷуд оварда буданд. "Мо онро қабул надорем", гуфт Маликӣ.


Нахуствазири Ироқ рӯзи якшанбе вориди Қоҳира шуд ва ин кишвари аввалест, ки вай дар ҷараёни силсиласафари худ ба минтақа аз он дидан мекунад. Дар пай вай бояд ба Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон сафар кунад. Вай ба баргузории конфронси байналмилалӣ дар масоили Ироқ омодагӣ мебинад, ки дар тафреҳгоҳи баҳри Сурхи Шармушшайх баргузор мешавад.


Чанде қабл ал -Маликӣ гуфт, ки хушунатҳои Ироқ натиҷаи низоъҳои мазҳабӣ нест, балки ин кори дасти ал-Қоида ва шарикони он мебошад. Ал Маликӣ гуфт, ки ба шарофати барномаи нави амниятӣ, вазъи Бағдод ҳадди аксар таҳти назорат аст.
XS
SM
MD
LG