Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси нави Эрон ва Русия дар боби Бушеҳр


Ширкати сохтмоние, ки барои бунёди нирӯгоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон истихдом шудааст, гуфт, ки ду ҷониб қарордодеро ба имзо расониданд, ки тадбирҳои кафолати маблағгузории ин барномаро дар он навишта кардааст.


Ирина Есипова, сухангӯи ширкати "Атомстройэкспорт" баъди гуфтугӯҳо дар Маскав гуфт, ки дар сурати амалӣ шудани ин барнома, "бахши масоили марбут ба маблағгузорӣ ҳал хоҳад шуд". Вай аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.


Даври дуюми музокирот дар ин замина қарор аст моҳи май дар Теҳрон баргузор шавад.


Эрон иттиҳомотеро, ки мегӯяд, ин кишвар хароҷоти пулии корҳои сохтмониро пурра анҷом надодааст, рад мекунад.
XS
SM
MD
LG