Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


СҶ

Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ахиран дар шимоли пойтахти Русия бар асари лату кӯби афроди ношинос боз як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод, ҷасади Худойқул Чориев шоми рӯзи шанбе дар хиёбони Березовая роша бо нишонаҳои зарби чӯб ошкор гардид:


Имрӯз ман ва раиси консулгарии сафорат аз пайи мушаххас кардани ҷузъиёти ин ҳодиса будем.Додситонии ноҳияи Хорошевское дар ҳамдастӣ бо раёсати умури дохила тафтиши ин фоҷиаро шурӯъ кардааст.Тайи ҳамин ҳафта аллакай дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Дар ин ду ҳодиса ҳусни хати бо ҳам шабеҳеро мебинем, ки аз афзоиши миллатгароӣ дар Маскав дарак медиҳад.


Ёдовар мешавем, ки аввали ҳафта шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Хайрулло Содиқов дар минтақаи Перовои шаҳри Маскав дар пайи ҳамлаи ду шахси ношинос ба ҳалокат расид. Хайрулло зодаи шаҳри Душанбе, дастпарвари Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва муҳандиси яке аз ширкатҳои бинокории Маскав буд. Ҳамчунин чаҳор рӯз пеш дар шаҳри Самараи Русия шахси ношинос ба номуси духтараки нӯҳсолаи тоҷик Шукрона Шукурова таҷовуз карда баъдан ӯро ба қатл расонд.
Бо гумони даст доштан дар ин ҳодисаҳо то ҳанӯз касе боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG