Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасии амри Юшенко мавқуф гузошта шуд


СҶ

Додгоҳи Қонуни асосии Укроин бозрасии мутобиқати амри раисиҷумҳур дар бораи пароканда кардани парлумон ба конститутсияи кишварро то рӯзи душанбе мавқуф гузошт. Дар ҳамин ҳол дар маркази Киев гирдиҳамоии густардаи ҷонибдорони эътилофи ҳокими сарвазир Виктор Янукович идома дорад. Дар майдони Аврупо ҷонибдорони мухолифин пароканда кардани Верховная Рада ва баргузориии интихоботи нави парлумониро талаб мекунанд. Зимни суханронӣ дар ин гирдиҳамоӣ Юлия Тимошенко - яке за раҳбарони мухолифин гуфт:


Раисиҷумҳур ягон амрашро лағв нахоҳад кард. Ягона чизе, ки ӯ метавонад амалӣ кунад - фаҳмондани сулолаи Янукович аст, ки ягона роҳи берун рафтан аз бӯҳрон - интихобот ваё ба мӯҳлати дертар мавқуф гузоштани ин маърака аст.


Дирӯз раиси ҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ва сарвазир Виктор Янукович изҳор карданд, ки роҳи мусолиҳаро пайдо кардаанд. Президенти Укроин гуфт, ки дар сурати таъини рӯзи раъйдиҳӣ оид ба тарҳи нави Қонуни асосӣ ва вуруди тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихобот омода аст амри худ дар бораи парокандасозии парлумонро лағв кунад. Қаблан Виктор Юшенко амр карда буд, ки интихоботи нав ба Верховная Рада рӯзи 27 майи соли равон баргузор шавад. Ва аммо ҳукумати Укроин изҳор намуд, ки то эълони ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ дар мавриди то куҷо ба конститутсия мутобиқ будани амри раисиҷумҳур интихоботи нави парлумониро сармоягузорӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG