Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девори орзуҳо


"Девор"калимаи ношодест. Монеъа, роҳбандон, пинҳонкорӣ, асоратро мефаҳмонад. Аммо ҳамчунин хона, манзил, ҳимоятро низ. Вале бо шунидани ин вожа зуд девори миёни исроилиҳову фаластиниҳо ба ёд мерасад ва ё девори шаҳраки чехии Усти над Лабем, ки чехҳоро аз ҷӯгиён ҷудо мекард ва ё орзуи Покистон ба сохтани девор дар миёни худу Афғонистон. Ва аз ҳама мудҳиш, "девори оҳани"-и шӯравии собиқ.

Аммо девори Лондон дигар аст. Созмони хайрияи кӯмак ба кӯдакон ва ширкати Бритиш Телеком пешниҳод кардаанд, ҳар кас сухани дӯстдоштаи худро дар ин девор бинависад. Озмоиши аввал дар сомонаи интернетии Wallofwords.org ҷараён дорад ва то ҳоло маълум шудааст, ки ҷои аввалро вожаи "ишқ" (921 пешниҳод), дуввумро "хушбахтӣ" (588 бор пешниҳод шудааст), саввумро "оила" ва чорумро "рӯшанӣ" гирифтаанд. Сипас, "шоколад, табассум, умед, таътил" ва ғайра, ҳамагӣ вожаҳои хуш. Рӯшанӣ ба маънии нури офтоб аст, дар кишваре ки офтобро кам мебинанду асосан ҳавои абр дорад. Албатта, баъзе вожаҳои каммазмун ва ҳатто дашномолуд низ ворид шудаанд.
Агар чунин девор дар Душанбе сохта мешуд, оё шумо дар он чӣ менавиштед?
Ба ин пурсиши ҳамнафасони мо Шаҳло ва Барот дар кӯчаҳои Душанбе ва Донишгоҳи давлатӣ ин гуна посух доданд:

- Свет ё барқ!
- Сулҳ.
- Ишқ.
- Оллоҳ!
- Модар.
- Дӯст...
- Ҳамнафас
.

Ин охиринашро ман гуфтам, зеро бе барномаи Ҳамнафас мову шумо ҳамнафас шуда наметавонистем.

САРВАТ КАЙ МЕОЯД?

Онгуна ки шунидем, ҳама хушию хушбахтиро мехоҳад ва калимаҳои хубро дӯст медорад. Аммо на ҳама ба зиндагии роҳатфизо имкон дорад. Дар рӯзгори мардуми оддӣ дар Тоҷикистон тағйироти кам мебинем. Ҳол он ки эълон шуд, сатҳи фақру нодорӣ дар кишвар босуръат поин меравад.
Сомонаи электронии Азия Плюс як пурсиш гузаронд, ки оё эҳсос мекунед, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камбағалӣ коҳиш ёфтааст? Наздик ба шаст дарсад посух додаанд, на, ин ҳама дар сухан аст, на дар амал. 29 дарсад гуфтаанд, оре, ин ба шарофати муҳоҷирони иқтисодист. 9 дарсад гуфтаанд, сол ба сол беҳтар мешавад ва панҷу аз даҳ се дарсад гуфтаанд, ман худам ба як камбағал табдил ёфтам.
Аз ноиби намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон Игор Боск мепурсам, назари шумо чист? Оё марҳилаи аввали барнома муваффақият дошт ва аз марҳилаи дуввум чиро метавон интизор буд?

"Барномаи аввали коҳиши фақр стратегияи хуб дошт ва аҳдофи хуб, аммо мутаассифона, пайванди амалӣ бо буҷаи дақиқ надошт. Ҳарчанд бахшҳои ҳамсони он дар қисмати харҷи буҷа мавҷуд буданд, шеваи тақсими маблағ барои барнома аз буҷа рӯшан ва ҳатмӣ набуд. Ба ин сабаб дар иҷрои ин баъзе камбудиҳо рӯй дод. Вале худи он ки чунин як барнома вуҷуд дошт ва ҳадафҳоеро ба миён мегузошт, ин аллакай падидаи хуб буд. Дар мавриди қисмати дуввуми суоли Шумо, ки оё барномаи навбатӣ чист, инро мегӯям, ки барномаи дуввум на ҷудогона, балки дар чаҳорчӯби Стратегияи умумии рушди миллии Тоҷикистон ҷой хоҳад дшт, ки дурнамои рушдро то соли 2015 ба нақша гирифтааст. Ин бисёр хуб аст. Вале боз ҳам гап дар он хоҳад буд, ки то кадом андоза ба афзалиятҳое, ки дар ин барнома муайян шуданд, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад. Ва ин вобастагӣ дорад ба қобилияти пайвастани он афзалиятҳо ба буҷаи ҳарсола ва хароҷоти ҳарсола ки Вазорати молия бояд датсгирӣ кунад. Ва ин раванд, мутаассифона, то ҳол на он қадар рӯшан аст."

Ба назари шумо аз чӣ наздик ба шаст дарсади пурсидашудагони Азия Плюс гуфтаанд, беҳбудеро дар иҷрои барномаи фақрзудоӣ намебинанд?

"Мо ҳоло ба он поя расидем, ки метавонем, нишондиҳандаҳоро беҳтар мушаххас кунем. Ва ин ба чунин маънӣ нест, ки барномаҳое ки то ҳоло татбиқ шуданд, бекамбудӣ буданд. Бинобар ин баҳо додан ба он барномаҳо бисёр душвор аст, барои он ки ҷадвали арзишҳо он вақт ва ҳоло тафовут доранд. Вале, албатта, мо бояд фикри мардумро ба назар бигирем. Мо бояд таҳлил кунем. Дар ҳақиқат, ман бовар дорам, ки дар минтақаҳои деҳотии дурдаст, мутаассифона, камбизоатӣ кам нашуда истодааст ва камбизоатӣ асосан дар он ҷо ҳаст ва биноан, кӯшишҳои зиёдтар ба деҳот нигаронида шаванд, набошад, бисёри ин орзуҳо дар рӯйи коғаз мемонанд."

Ташаккур ва суоли охирин, оё ташдиди шароити кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба вазъи куллӣ таъсир хоҳад дошт?

"Ба эҳтимоли зиёд таъсир хоҳад дошт ва ин ҳолат бисёр таассуфангез аст, аммо натиҷаҳои он шояд баъд аз як соли дигар маълум ва эҳсос хоҳанд шуд."
XS
SM
MD
LG