Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талхиҳои зиндагии модаре бо номи Ширин


Хонум Ширин 70 сол дорад ва дар минтақаи нодортарини Ашқобод дар як кулбаи иҷора ба сар мебарад. Ӯ хона надорад, хондаву навишта наметавонад ва ҳуқуқи бознишастагӣ ҳам дарёфт намекунад. Бар болои ин ҳама, вай танҳо парастори се набераи ятимаш аст, ки ҳамроҳи вай ба сар мебаранд. Рӯзии худу набераҳояшро хонум Ширин бо талбандагиву гадоӣ пайдо мекунад.

Аммо ду соли пеш вазъи ӯ дигар буд. Вай дар як манзили хусусии суннатӣ, дар қисмати ҷанубии пойтахти Туркманистон дар хиёбони 8 март зиндагӣ мекард. Аммо мақомоти вақти кишвар шурӯъ аз миёнаҳои солҳои 90-ум ба навсозии симои Ашқобод ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои як шаҳри зебову обод оғоз карданд, хонаи хонум Ширин мисли дигар манзилҳои ҳамсояҳояш хароб шуд. Имрӯз аз ин маҳал дигар заррае ҳам бӯи гузашта намеояд. Ҷои хонаҳои пастошёнаи сохти қадимаро сохтмонҳои баландошёнаи обод гирифтааст, дар ин маҳал корхонаву ташкилоти бонуфуз кору фаъолият мекунанд ва аксар сокинони хушлибосу дороро дидан мумкин аст. Баъди хароб кардани манзили ӯву дигар ҳамсояҳояш ҳукумат ба ӯ кӯмаки молӣ накард, танҳо дар беруни Ашқобод дар як маҳалли ноободи ба қавли худаш чӯлу даштзор бо номи Чоганлӣ чанд сотиқ замин ҷудо карданду халос. Хонум Ширин мегӯяд:

"Ба ман дар маҳаллаи дур, 18 километр дуртар аз шимоли Чоганлӣ, дар канори қабристон як порча замин доданд. Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҷо як рустои саҳронишин бунёд мешавад. Он ҷо ҳатто шағол по намемонад, одам он тараф истад"

Хонум Ширин мегӯяд, ки шаҳрдорӣ барояш гуфтааст, ки дар ҳамин маҳал бояд барои худу набераҳояш мувофиқи табъ хона бунёд кунад. Аммо вай ҳайрон аст, ки чӣ тур бидуни пулу маводи сохтмонӣ метавонад дар як биёбон хона бунёд кунад:

"Ман чизе нагирифтам. Аммо вайҳо ба ман як хайма пешниҳод карданд. Онҳо гуфтанд, ки раву бо набераҳоят дар он ҷо зиндагӣ кун. О ман чӣ хел метавонам бо се набераам дар як хаймаи беёбонӣ зиндагӣ кунам?"

Ҳамроҳ бо вай ҳазорҳо хонаводаҳои дигар аз манзилҳои худ бенасиб монданд, аммо шумори дақиқи ин хонаҳо маълум нест. Вай мегӯяд, ки борҳо ҳамроҳи ҳамсояҳояш дари шаҳрдориро кӯфта аз пардохти ҷубронипуливу кӯмак лаб кушодаанд, аммо ҳамааш бенатиҷа. Рӯзе, мегӯяд хонум Ширин, мақомот ӯро таҳқир ва таҳдид карда гуфтаанд, ки бояд остонаи шаҳрдориро тарк кунад, чунки ба қавли онҳо, "вай бо ҳузури худ онҳоро дар баробари хориҷиҳо дар ҳолати ногувор қарор медиҳад".

"Хулоса, як рӯз вайҳо ба ман гуфтанд, ки фардо биёям. Ман рӯзи дигар омадам, бо ин умед, ки вайҳо ба ман як ҷое барои зиндагӣ хоҳанд дод. Аммо ба ҷои ин, се ё чаҳор полис ба ман амр доданд, ки ба мошин шинам. Онҳо гуфтанд, ки ту девона шудӣ, барои ҳамин мо туро ба девонахонаи Тошҳавз мебарем. Набераҳои ман ҳамон ҷо буданд ва онҳо гиряро сар карданд. Бо ҳамин набераҳоям маро аз девонахона раҳо карданд"


Сокинони Ашқобод шикоят доранд, ки ин шаҳр ҳамакнун тавассути як роҳи оҳан ба ду тақсим шудааст. Қисмати шимолии шаҳр комилан нодору бебизоат аст ва барномаҳои беҳбудёбии симои шаҳр бештар дар қисмати ҷанубӣ тамарзкур ёфтааст. Дар натиҷа, тафовути миёни шимолу ҷануби пойтахт бараъло намудор мешавад. Ҳатто манзилҳои камарзиши шаҳр барои Ширин барин сокинон аслан дастнорас ҳастанд. Раиси ҷумҳурии нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки барномаи рушди деҳотро роҳандозӣ карда барои беҳбудёбии вазъи мардуми нодор талош ба харҷ хоҳад дод. Мақомот мегӯянд, ки марҳилаи аввали ин корҳо соли 2008 оғоз хоҳад ёфт. Дар сурати дар амал тадбиқ шудани ин тарҳҳо ҳам, хонум Ширин бояд на як солу ду сол мунтазири беҳтар шудани вазъаш бимонад.
XS
SM
MD
LG