Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва САҲА: Аз сиёсат ба иқтисод ва ё иқтисоди сиёсӣ?


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар шарҳи ин тақозо гуфт, дар ҳоли ҳозир барои ҳукумати Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар ҷойи аввал меистад:

«Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо созмони мост. Мо узви комилҳуқуқи ин созмон ҳастем. Табиист, мо ҳақ дорем, аз ин Созмон тақозо кунем, ки хатти машйашро ба суди лоиҳаҳои иқтисодии мо тағйир диҳад»

Тақозои Тоҷикистон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро Маркази ин Созмон дар Душанбе таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон бар онанд, ки тағйир ёфтани ваколати САҲА тибқи хостаҳои Тоҷикистон ба манфиати ҷонибайн аст, аммо бино бар воқеиятҳои кишвар аз сӯйи ин Созмон пазируфта нахоҳанд шуд. Марат Мамадшоев, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ин созмони бонуфуз ҳукумати Тоҷикистонро чандин маротиба дар нақзи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва баргузории интихоботҳои ғайридемократӣ мавриди интиқод қарор дода буд. Оқои Мамадшоев гуфт, ҷалби таваҷҷӯҳи САҲА ба мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон кӯшише барои пешгирии интиқодҳои навбатӣ арзёбӣ мешавад. Марат Мамадшоев:

«Агар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар кишвари мо соҳиби фишангҳои қавии иқтисодӣ гардад, интиқодҳои сиёсиаш ҳам муассир мешавад. Аммо масъала ҳоло ранги дигар дорад. Аксари мушкилоти иқтисодии мо ба сиёсатҳои ҳукумат вобаста аст. Аз ин хотир, ман бовар надорам, ки тақозои ҳукумати Тоҷикистонро Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қабул кунад».

Тоҳири Абдуҷаббор, коршинос дар умури иқтисодӣ мегӯяд, тақозои Тоҷикистон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо воқеъӣ нест. Зеро як созмони байнулмилалӣ, ки бар асоси маболиғи аъзояш фаъолият мекунад, ба пружаҳои иқтисодии ин ё он кишвар наметавонад мустақим маблағгузорӣ кунад. Оқои Абдуҷаббор гуфт, САҲА метавонад кишварҳои узваш, минҷумла кишварҳои Аврупоро барои сармоягузорӣ ба пружаҳои иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кунад. Аммо адами амнияти сармоя ва фасод фаьолияти сармоягузориро дар Тоҷикистон таҳти суол қарор додааст.

Бо ин вуҷуд, коршиносон бар онанд, ки дар ҳоли таъхири Русия, ИМА ва дигар кишварҳо дар кори маблағгузории пружаҳои энержии Тоҷикистон, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз мавқеи худ дар Созмони Амният ва ҳамкорӣ аз вазъи баамаломада метавонанд истифода кунанд. Онҳо мегӯянд, як далели то ба ҳол вокунише ба тақозои Тоҷикистон нишон надодан ва ҳатто эътирофи он аз сӯйи Созмон шояд дар ҳамин бошад.
XS
SM
MD
LG