Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Ҷанубӣ - мизбони Бозиҳои Осиёии соли 2014


Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар ин ассамблея раёсати ҷадиди Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид. Шайх Аҳмад Ал - Фаҳад Ал - Сабоҳ аз Кувайт боз барои чаҳор соли дигар ба ҳайси раиси Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.»

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, Куриёи Ҷанубӣ, ки нисбати муддаъии дигар - Ҳиндустон раъйи бештар гирифт, мизбони Бозиҳои Осиёии соли 2014 интихоб гардид.


Рӯзи ҷумъаи 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи ҳандбол байни дастаҳои мардона шурӯъ шуд.

Ин мусобиқот дар толори бозиҳои дастӣ бо ширкати тимҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар то рӯзи 26-уми апрел идома хоҳад кард.


Рӯзи шанбеи 21-уми апрел дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе мусобиқаи мини-футбол ё футболи хурд байни дастаҳои сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия шурӯъ мешавад.

Сардовари ин мусобиқа Дамир Камолиддинов ба радиои Озодӣ гуфт, бозиҳо бо ширкати тимҳои мини-футболи сафоратҳои Русия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Узбакистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то рӯзи 29 апрел идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG