Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони хиёбонии пойтахти Тоҷикистон


Дар таҳқиқот муайян шудаст, ки зиндагии ин атфол дар муҳити бади инсонӣ сипарӣ мешавад. Зеро ба дӯши онҳо ё саробонии оила вогузор шудааст ва аксари онҳо комилан бесоҳибу ҷойи зист ҳастанд.
Раҳмон як навраси 15 солае, ки дар хиёбонҳо ҳазориспанд дуд мекунад, мегӯяд бо пуле, ки ба истилоҳ ба ӯ хайрия медиҳанд оилаи 7 нафарашонро таъмин мекунад, зеро 100 сомонии маоши модараш танҳо барои иҷорапулӣ сарф мешавад: «Ман аз соати 6 субҳ то соати 9 шаб кор мекунам ва ба хона нон мебарам.»
Шасту чаҳор дарсади кӯдакон гуфтаанд, ки аз ҷониби кормандони милиса,бачаҳои калонсол ва раҳбаронашон мавриди табъиз ва зуроварӣ қарор мегиранд. Раҳмон мегӯяд: «милисаҳоро дидем мегурезем, агар доштанд пулҳоямонро мегиранд.»




Пажӯҳиш нишон додааст, ки нисбат ба писарон аз навоҳии кишвар ба Душанбе духтарон бештар омада ғолибан бо танфурушӣ машғул мешаванд. Ҷовид Ҷураев корманди созмони «Наҷоти кӯдакон» мегӯянд ин бачаҳо зиндагии бенизоми ҷинсиро ихтиёр кардаанд ва ғолибан аз синни 14 солагӣ зиндагии фаъоли ҷинсиро пеш мебаранд: «Ҳатто дар вохӯриҳо онҳо ба мо қисса мекарданд, ки ҳар вақте ки хоҳанд бо духтароне, ки ба фаҳш машғуланд робита кунанд.»




Ин дар ҳолест, ки ба гуфти Вафо Ниятбеков пажӯҳишгари маркази таҳқиқоти стратегӣ атфоли хиёбонӣ дар мавриди бемориҳои сироятӣ ба вижа HIV - AIDS қариб, ки иттилоъи комил надоранд ва аз ин хотир дар баробари ин маризӣ заъфпазир ҳастанд. Вафо Ниятбеков: «онҳо робиати наздикро аз сини 14 солагӣ шӯруъ мекунанд ва аммо иттилоъи кофӣ надоранд. Зеро мактабро хуб назондаанд.»




Аммо Ҷовид Ҷураев мегӯяд эҳтимол меравад, ки аллакай дар миёни бачаҳои хиёбонӣ сироятёфтагони HIV вуҷуд дошта бошад: «Онҳо ба истифодаи маводи мухаддир ва робитаҳои бенизоми ҷинсӣ даст мезананд. Аҷаб нест ки миқдори муайяни кӯдакони хиёбонӣ ба ин вирус сироятшуда бошанд.»



Дар ҳоле, ки 70 дар сади мубталоёни вируси HIV - AIDS дар Тоҷикистон муътодони маводи мухаддиранд, пажуҳиш муайян кардааст, ки ҳар тифли дуюми хиёбонии аз 15 сола боло маводи мухаддирро бештар аз як бор истеъмол кардааст.
XS
SM
MD
LG