Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос: Алан Ҷонсон зинда аст


Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос гуфтааст ба эътиқоди ӯ хабарнигори рабудашудаи Би Би Си Алан Ҷонсон ҳанӯз зинда аст. Ӯ гуфт маъмурони амниятии ташкилоти худгардони Фаластин иттилоъ ба даст овардаанд, ки Алан Ҷонсон зинда аст ва онҳо гуруҳеро мешиносанд, ки ин хабарнигорро рабудааст. Ин дар ҳолест,ки рӯзи якшанбеи 15 апрели соли равон як гурӯҳи ношиноси тундрави фаластинӣ гуфт, ки асири худ Алан Ҷонсонро ба қатл расонидаанд, аммо то кунун ҳеҷ манбаъи дигаре дурустии ин хабарро таъйид накардааст.
XS
SM
MD
LG