Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 24 толиб дар Афғонистон


Сарбозони Амрико ҳамроҳ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон дар ҷараёни як набарди ҳафтсоата дар вилояти Ҳилманд 24 тан аз пайкорҷӯёни Толибонро куштаанд. Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки дар ин набард ду сарбози онҳо ҷароҳат бардоштааст. Бархӯрди миёни ин нерӯҳо ва пайкорҷӯёни Толибон шаби 18 ба 19 март дар ноҳияи Сангин воқеъ дар ҷануби обанбори муҳими Каҷакӣ сурат гирифтааст. Нерӯҳои Байналмилалӣ ду ҳафта пеш пайкорҷӯёни Толибонро дар ин минтақа шикаст дода ва онро таҳти назорати худ дароварда буданд.
XS
SM
MD
LG