Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори боз як тифли тоҷик дар Русия


Дар шаҳри Самараи Русия ҷустуҷӯи шахсе идома дорад, ки ба номуси як духтараки нӯҳсолаи тоҷик таҷовуз карда баъдан ӯро ба қатл расонидааст. Ҷасади Шукрона Шукурова, ки рӯзи душанбе ғайб зада буд, шаби гузашта дар зери пули рудхонаи Самара ошкор шуд. Модари Шукрона - Рита се рӯз пеш дар бораи ғайб задани духтари мактабхонаш ба раёсати умури дохилаи шаҳр хабар дода буд.
Александр Зубов, сухангӯи раёсати умури дохилаи шаҳри Самара ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, ки дар робита ба ин фоҷиа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ёвари додситонии шаҳри Самара Валентина Колготина афзуд, ки гурӯҳи вижа ба тафтиши ҷузъиёти ҳодиса шурӯъ кардааст.
Саидасрор Мирзоев - раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Самара мавсум ба "Сомониён" ин ҷинояти мудҳишро шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки ҳамшаҳриҳо ин рӯзҳо дар паҳлӯи волидайни Шукронаи ноком хоҳанд буд. Ӯ ҳамчунин изҳори итминон кард, ки қотил ошкор ва муҷозот мешавад.
Ёдовар мешавем, се сол пеш дар шаҳри Санкт-Петербург аъзои гурӯҳи миллатгарои рус ба бадани духтараки тоҷик Хуршеда Султонова ёздаҳ бор бо корд зада буданд.
XS
SM
MD
LG