Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА: "Интихоботи президентии Тоҷикистон орӣ аз интихоб буд"


Гузориш ҳокист, ки дар интихобот камбудиҳои зиёд роҳ дода шуда адами интихоби воқеии номзадҳо ва чандандешӣ ба мушоҳида расидааст. Маъракаи интихоботӣ дар фазои орому сулҳомез баргузор шуд, мегӯяд гузориш ва ғолибан нонамоён буд. Номзадҳо маъракаҳои таблиғотии хусусиро доир накарданд ва танҳо дар ҳамоишҳои аз ҷониби масъулони интихоботӣ ташкилшуда ҳозир шуданд. Гузориш меафзояд, ки номзадҳо инчунин аз ширкат дар баҳсу мунозираҳои воқеӣ худдорӣ карданд ва номзади аслӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар маъракаи таблиғотӣ шахсан иштирок накард.

Гузориш мегӯяд, ки алорағми ҳузури 5 номзад дар интихобот, он ғолибан берақобат буд. Ҳизбҳо ва гурӯҳҳое, ки аз худ чун мухолифин ном мебаранд, аз пешбарии номзадҳои худ дар интихобот даст кашиданд. Дар натиҷа, мегӯяд гузориш, интихобе, ки барои раъйдиҳандагон пешниҳод мешуд, танҳо зоҳирӣ буд. Гузориш инчунин ба шумори ками нозирони интихоботӣ аз аҳзоби сиёсӣ ишора карда мегӯяд, ки аксар нозирони ҷараёни интихобот аъзои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, гузориш мегӯяд, ки як падидаи мусбати ин интихобот дар омодагиҳои маъмурии он, яъне шеваи ташкил ва баргузории интихобот буд, ки аз лиҳози фурсат ва иҷрои муқаррароти қонун хуб риоя шудааст.

Хонум Урдур Гуннарсдотир, сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Варшава, як ниҳоди вобаста ба САҲА, ки масъули назорат ба интихобот ва муаллифи гузориши мазкур мебошад, оид ба хулосаҳои аслии он ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Набуди интихоби воқеӣ барои раъйдиҳандагон, маҳдудиятҳои озодии матбуот, зарурати такмили қонуни интихобот, риоя накардани тартиби дурусти раъйдиҳӣ аз ҷониби одамон камбудиҳои аслии интихобот мебошад. Дар гузориш мо 39 машварати худро ворид кардаем, ки оид ба чаҳорчӯби қонунии интихобот, маъмурони интихоботӣ, бақайдгирӣ, расонаҳо ва дигар масъалаҳо сӯҳбат мекунад. Ин маърака орӣ аз интихоб буд. Ҳатто бо назардошти он ки ин ҷо беш аз як номзад сабтином шуда буд, дар миёни онҳо рақобати хеле кам ба назар мерасид"

Хонум Гуннарсдотир афзуд, ки муҳимтарин бахши гузориши тозанашри САҲА ин машваратҳо ба мақомоти Тоҷикистон барои бартарафсозии камбудиҳои ҷодоштаи интихоботӣ мебошад.

"Мо машварат медиҳем, ки қонуни интихобот бояд ислоҳ шавад ва ба комиссияи интихоботӣ иҷоза диҳад, ки он аз ҳукумат мустақил бошад. Фаъолияти ин комиссия бояд шаффоф бошад ва ҷараёни кори ниҳод бояд дар нашрияҳо инъикос шавад. Дар масъалаи сабтином ман мехостам таъкид кунам, ки мо машварат медиҳем, шумори пуштибонони номзадҳои интихоботӣ бояд бознигарӣ шуда, аз 5 % то ба 1 % коҳиш дода шавад. Мутобиқ ба Санади Копенҳаген аз соли 1990, ки Тоҷикистон низ узви он аст, ҳар шаҳрванд, ба таври инфиродӣ ва ё бо намояндагӣ аз аҳзоби сиёсӣ ҳақи талош барои дарёфти курсии раёсатҷумҳуриро дорад. Расонаҳои хабарӣ бояд имкони фаъолияти комилан озодро дар фурсати миёни интихоботҳо ва дар маъракаи қаблазинтихоботӣ дошта бошанд"

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шунидани муҳимтарин нукоти гузориши мазкур гуфт, ки аксар танқидҳои нозирони САҲАро қабул надорад.

«Ҳарфи рости ин гузориш он аст, ки фазои интихобот сулҳомез ва идона буд. Он ки гӯиё интихобот эҳсос намешуд, ин дурӯғ аст. Номзадҳо ҳам шахсиятҳои миллӣ буданд, фарҳангӣ ва шинохташуда буданд, вале дар сиёсат шояд ки пештар онҳо камтар имконият доштанд, ки худашонро тарғиб кунанд. Ҳамаи онҳо мавқеъи хос доштанд, барномаҳои ҳамдигарро интиқод ҳам карданд, масалан, мо наметавонем, бигӯем, ки Ҳизби коммунист ҳизби оппозитсионӣ набу ва мавқеъи бисёр шадиди худашро надошт. Аз ин сабаб, ман ба бисёр нуқтаҳои ин гузориш розӣ шуда наметавонам.»

Оқои Сафаров гуфт, эътирози аслии вай дар он аст, ки ин гузориш на дар фурсати як моҳ, балки баъди панҷ моҳи анҷоми интихобот чоп мешавад ва аксар танқидҳои навишташуда бидуни машварат бо мақомоти Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар посух ба ин изҳорот Урдур Гуннарсдотир, сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Гузориш ба он хотир тоза ба нашр расид, ки дар фурсати баргузории интихоботи Тоҷикистон мо ҳамзамон интихоботҳои зиёди дигарро назорат мекардем. Танҳо имсол мо аз ду интихобот назорат кардем. Мо талош кардем ҳадди аксар зудтар таҳияи гузориши Тоҷикистонро анҷом диҳем. Бояд таъкид кунам, ки мо ба мақомот амр намедиҳем ва дода ҳам наметавонем. Аммо мо бо ин гузориши худ, ки як матлаби хеле ҷиддӣ аст, машварат медиҳем, ки пеш аз ҳама онро амиқан таҳлил карда оид ба интихобот маълумот бигиранд. Мо дар мавқеи худ хеле ҷиддӣ ҳастем ва омодаем ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ин масъалаҳо ва дар баҳсу таҳлилҳои ин пешниҳодҳо мусоидат намоем. Аммо мо салоҳияти инро надорем, ки ба касе амр диҳем ва ҳама чиз аз мақомот ва дар маҷмӯъ худи Тоҷикистон бастагӣ дорад"

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ноябри соли гузашта бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ анҷом ёфт, ки тибқи натиҷаҳои расмӣ 80 дар сади раъйро аз они худ кард.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мегӯяд, ки ин нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ин ниҳод ба он назорат кардааст.
XS
SM
MD
LG