Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 манзилро дар Ховарон тахриб мекунанд


Шг

Ҳудуди 20 сокини маҳаллаи Ховарони пойтахт бояд манзилҳои худро бо дастони худ вайрон кунанд. Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур чунин қарор баровардааст. Ин шаҳрвандон субҳи рӯзи панҷшанбе, 19 апрел дар назди Кохи раиси ҷумҳур ҷамъ омаданд.


Бино ба гуфтаи мардуми ин маҳалла, мақомоти ноҳияи Шоҳмансур бо иддаъои он ки ин хонаҳо ба таври ғайриқонунӣ сохта шудаанд, то 21 апрели соли равон ба 25 хонавода фурсат додаанд, то манозили маскунии худро тарк кунанд. Сокинони маҷбур ба кӯч мегӯянд, мақомот ба онҳо гуфтанд, ки дар ҷои манзилҳои онҳо мактаб бунёд хоҳад шуд.


Аминбек Музаффарови 57-сола, ки аз соли 1990 ба ин сӯ дар ин маҳалла истиқомат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки далели қонунӣ будани манзилҳояшон аст, дар даст доранд, вале мақомоти ноҳия ин ҳуҷҷатҳоро тақаллубӣ донистаанд. Аминбек Музаффаров мегӯяд, онҳо дар оилаашон 19 нафаранд ва ҷои дигаре барои рафтан ҳам надоранд.


Ва аммо Усмон Тӯйчиев, раиси дастгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар сӯҳбати бидуни сабт гуфт, воқеан ҳам ин хонаводаҳо ба таври ғайриқонунӣ дар ин маҳалла манзилҳои зист бунёд кардаанд ва қарор шудааст, ки акнун дар ҷои ин хонаҳо мактаб сохта шавад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳукумати пойтахт оид ба ин қазия изҳори беиттилоъӣ карданд ва ҳамчунин гуфтаанд, ки ин даъвои мардум ба масъалаи нақшаи куллӣ ё худ Генплани пойтахт ҳеҷ рабте надорад.
Шаҳлои Гулхоҷа, Душанбе
XS
SM
MD
LG