Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ: Занону кӯдаконро кӣ мекушад?


Танҳо дар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар минтақаи умдатан шиъанишини Садрияи Бағдод то 140 нафар ба ҳалокат расидаанд. 35 нафар ҳамин тавр дар минтақаи низ умдатан шиъанишини Садр ва 13 тани дигар дар соъир гӯшаҳои пойтахти Ироқ кушта шудаанд.

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ҳамалоти рӯзи чоршанбе дар Бағдодро шадидан маҳкум кард ва аз ҷумла гуфт:

"Албатта, чунин шумори қурбониён ваҳшатангез аст, вале ин, ба назари ман, баёнгари як нуктаи дигар ҳам ҳаст. Ин террористҳо мардону занон ва кӯдакони бегуноҳеро мекушанд, ки низ ироқиянд. Онҳо ҳамватанони худро мекушанд ва фикр мекунам, муҳим аст, ки мо талоши онҳо баҳри тахриби ҷараёни мусолиҳаро ба рӯи об барорем."

Оқои Гейтс хостори пешрафти зудтари давлати Ироқ дар масъалаи оштии байни мардуми шиъаву суннӣ шуд ва гуфт, ҳадафи ҳамлагарон ба ҳамалоти ҷавобӣ таҳрик додани шибҳинизомиёни шиъа ва замин кардани талошҳои то ҳол анҷомдодаи Амрико ба хотири таъмини амният дар Бағдод буд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ Маликӣ дастандаркорони ҳамалоти рӯзи чоршанберо асокири Иблис ном бурда, ҷиҳати боздошти фармондеҳи масъули таъмини амният дар минтақаи Садрия дастур додааст.

Иброҳим, як сокини минтақаи Садрия, ки дар маҳалли инфиҷор бо хабарнигори Ройтерс сӯҳбат мекард, гуфт:

"Мо мехоҳем, ки ин фоҷиъаву ин кушторро ба мо бифаҳмонанд. Ин мардуми бечора чӣ кор карда буд? Ҳадафи онҳо чист? Мо мехоҳем ҳадафи онҳоро бидонем. Мо посух кор дорем. Ҳадаф кӣ буд? Магар ҳамин мардуми бечора, ҳамин занону кӯдакон?"

Авҷи нави хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки давлати Амрико, бо вуҷуди мухолифати аъзои Конгресс, дар садади афзоиши шумори нирӯҳояш дар он кишвар аст. Феълан Амрико дар Ироқ 146 000 сарбоз дорад. Тибқи як барномаи амниятӣ, қарор аст, 28 000 сарбози дигари амрикоӣ дар баробари ҳазорони сарбози ироқӣ дар Бағдод мустақар шаванд.
XS
SM
MD
LG