Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Чех дар Хуҷанд


МИ

Субҳи 19 апрел дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишвари Чех ифтитоҳ ёфт. Дар толори Маркази ҷавонон номгӯ ва акси намунаҳо аз маҳсулоти даҳ корхона ва ширкати саноатии кишвари Чех, умдатан дар бахши саноати сабук, ба мисли таҷҳизоти кишоварзӣ, асбобҳои тиббӣ, технолоҷии корхонаҳои хурд, муҳаррикҳои барқӣ, асбоби рӯзгор ва сохтмон ва дастгоҳҳои тавлиди оби ҷав ба маърази намоиш гузошта шуд.


Владимир Малек (Vladimir Malek), намояндаи Вазорати саноат ва савдои ҷумҳурии Чех, ки аз намоишгоҳ муаррифӣ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин намоишгоҳ бо ҳадафи ноил шудан ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷорати кишвараш бо Тоҷикистон баргузор мегардад.


Ба гуфтаи масъулини шӯъбаи муносиботи байналмилалии ҳукумати Суғд, гардиши маҳсулот дар байни минтақаи шимолии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Чех дар соли гузаштаи милодӣ чизе беш аз 1 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Имсол вилояти Суғд аз кишвари Чех танҳо ба маблағи 26 ҳазор доллар мол харидорӣ кардааст. Аммо масъулини бахши саноати ҳукумат, сарварони корхонаҳо ва соҳибкорони Суғд, ки аз намоишгоҳ дидан карданд, мегӯянд, барои боло бурдани сатҳи ҳамкории тарафайн заминаҳо вуҷуд дорад.


Намоишгоҳи феҳрасти маҳсулоти саноатии кишвари Чех дар чаҳор рӯзи пеш дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, сар аз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ду рӯзи дигар идома меёбад ва анҷомаш дар рӯзи 24 апрел дар шаҳри Кӯлоб дар назар аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG