Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хунрезӣ дар донишгоҳ


Акс моли NBC News аст.


Дар пайванд бо ҳодисаи Донишгоҳи Вирҷиниё мо бояд каме ҳам бошад аз донишгоҳҳои худамон огаҳ шуда истем, то чунин фоҷаи даҳшатангез ба сари мо ҳам наояд.

Каздонӣ аз Чин
--------------------------------------
Бояд Ашур танбеҳ шавад ба хотири тавҳине ки ба мардумаш кард, яъне ӯ худашро хеле донишманд ҳисоб карда, мардумро нодон ва ақабмонда меҳисобад. Аммо ин бехирадист, ки инсон аз худ биситояд.

Алиҷон, Душанбе
--------------------------------------
Дар мавриди тирандозӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рух дод ман инро гуфтаниям, ки аз ҳодисаи 11 сентябр ки 5-6 сол мегузарад Амрико ба хотири мубориза бо тероризм ва эчоди демократия ва озодӣ вориди Афғонистон ва Ироқ шуд ва на танҳо натаванонист амният ва суботро барқарор кунад ва ноком монд, балки ба хотири ин шиораш ки ечоди демократи дар Ироқ аст, чандин сарбоз ва афсари худро дар Ироқу Афғонистон қурбон кард ва охноро мустакар кард ва ҳарчи мардуми Амрико ба ин сиёсатхои дурӯғини рохбаронашон етироз карданд вале Амрико ба кори худаш идома дод. Ба хамин хотир мебинем ки дар ин кишвар нооромиҳо ва ҳаводиси ногуворе пеш омада истодааст ва назари ман ин аст ки Амрико то даст аз ин сиёсатҳои дурӯғини хеш бар надорад ва афсархо ва сипохи худро аз Афғонистон ва Ироқ берун накашад камокон ин ҳодисаҳо идома хоҳад дошт... Гуфтахои бародар Абдусамади Карим ҳам хеле мақбул ва мантиқӣ ба назар мерасад.

Амриддин аз аз Душанбе
--------------------------------------
Омрикоиён озодӣ доранд во қимате ин озодиро низ пардоxте во мипардозанд. Суоле ман инаст: Агар дар кишвари мисли Ирон ё Tоҷикистон фурўш во негаҳдории силоҳ озод буд чанд нафар дар ҳар рӯз кушта мешуданд?

Mо шарқиён завқе аҷиби дорим барои бузург кардане мушкилоти ғарбиён. Mо лозим нист ба фикр бошем то Омрикоиёнро неҷот даҳим. Беҳтар аср бе фекр ҳамкишонемон дар Ироқ бошем ки агар рӯзе даҳҳо тан аз онҳо мазлумоне кушта нашаванд он рӯз ангор ки шаб намешавад.

Mуҳаммадризо аз Эрон
--------------------------------------
Каблан мебахшеду, лекин ин мавзуи сафсатанокро радиои Озодӣ аз куҷо ёфт? Хайр як бачаи каллаварам 30-35 нафар ишкамсеру боқибеғамҳоро куштаст куштаст, ёдашон ба хайр! Ҳаёт на ҳама вақт ва на дар ҳар ҷо ҳамвор сурат мегирад. Чи, Амрико шох дорад, ки ин тавр ҳодисаҳо рӯй надиҳанд?
Беҳтараш ба тарафи худ нигарему, андаке доир ба мушкилиҳои хеш сухан кунем. Илтимос Радиои Озоди, як ҳаракат кунеду мавзӯъҳо, ки бар ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми Тоҷикистон бархӯрдорро ба Майдони баҳс партоед.

Анвар Сафоев
--------------------------------------
Хеле зуд аст, ки дар мавриди ин мавзӯъ сухан гуфт, локин ҳар падидае ки ба вуҷуд меояд, аз ғараз ва манфиате орӣ нест, шояд дар паси ҳар чиз як нируи бузургтаре нуҳуфтааст.

Новобаста ба он ҷавон ки бо марази рӯҳӣ дучор шудааст, зери муоина ва табобат қарор доштааст, бе мушкил ба ӯ силоҳ фурӯхта шудааст. Ва чунин ҳодисаҳо дар Амрико бори аввал нест.

Дар Амрико гардондани силоҳ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ ба шумор меравад, ки ба фикрам, дуруст нест ва бояд тағйир дода шавад.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
--------------------------------------
Мехостам изҳори норизоӣ нисбати ақидаи Ашӯри Назарзода, иброз намоям. Оқои Назарзода! Шояд "зӯри" шумо ва дарккунии "мардуми шумо" пиромуни ин ангезаи даҳшатнок кофӣ нест ва хушбахтона ин ақидаи шумост ва назари шумо наметавонад баёнгари ақоиди Тоҷикистониён бошад. Фаромуш накунед, ки на ҳамагии ақоид ва гуфторатон дуруст ва бехатост.

Ханҷарбек Қурбонбеков
--------------------------------------
Ба назари ман, онгуна ки аз паёми фарди қотил, Чу Сеунгхуй, бармеояд, ин шахс хеле муҳофизакор (кунсервотив) ва озодиситез (зидди-либерол) буда ва аз мазомини динии Масеҳият зиёд илҳом гирифтааст. Вай ба мардуме, ки онҳоро ҳедунист (лаззатпараст) мехонад, нафрат дорад ва ҳадафаш хам зарба задан ба фарҳанги моддӣ, моддигароӣ ва зиндагидустии мудерн аст (Масалан: Thanks to you, I die like Jesus Christ, to inspire generations of the weak and the defenceless people. - Тарҷума: Ба туфайли шумо, ман монанди Масеҳ хоҳам мурд, марге ки наслҳои заъиф ва бечораро илҳом хоҳад бахшид).

Ин шахси бемори мазҳабӣ худро монанди Масеҳе тасаввур мекунад, ки мутаъаҳҳид аст ба ин ҳама хушгузаронии ҷаҳониён, аз ҷумла аҳли Донишгоҳи Вирҷиниё, ки ҳама васоили хушгузарониро барои худ фароҳам кардаанд, поён бидиҳад.

Ин беморӣ, дуруст аз ҳамон навъи таъассубест, ки худфидоиёни Ал-Қоъида анҷом дода ва медиҳанд. Инҳо чандон тафовут бо ҳам надоранд, дар ҳарду сурат инҳо дар баробари хушгузаронӣ ва зиндагидустӣ ва афроде даст ба ҷиноят мезананд, ки зиндагии шодоберо барои худ интихоб кардаанд.

Оре, нақши омузишҳои масеҳӣ дар ин иқдоми Чу Сеунг басароҳат рушан аст. Дарвоқеъ бо афроде, ки таҳти таъсири чунин омузишҳо қарор мегиранд, бояд мувозиб буд. Инҳо гоҳо то ҷое пеш мераванд, ки зиндагиро на танҳо барои худашон, балки барои дигарон низ талх мехоҳанд ва дарвоқеъ талх мекунанд.

Фаромарз
--------------------------------------
Хайрият, ки ӯ мусулмон набуд вагарна ҳоли мусулмонон дар Амрико боз табоҳ мешуд. Воқеъан бигзор мардуми Амрико дарк кунанд, ки чунин ҳодиса чӣ қадар сахт будааст, дар ҳоле ки ҳар рӯз дар Афғонистон ва Ироқ чунин аъмоли террористӣ сурат мегирад.

Бо эҳтиром
Ғариб
--------------------------------------
Ба номи Худо салом
Вақте, ки ман ин ҳодисаро шунидам ҳайрон шудам, ки Омрико аз тамоми имконот бархурдор аст, вале ин ҳодиса дар ончо руй додааст ин чои тассуф аст.Ман фикр мекунам, ки Омрико руз ба руз амнияти худро аз даст медиҳад, агар ҳамчунин воқеоҳе руй диҳад Омрико дигар наметавонад идао кунад, ки ҳар кучое чанг шавад ман метавонам он чоро ором кунам.Ҳамчунонеки мо мушоҳида мекунем, ки дар Ироқ ин мавқеиятро аз даст додааст. Муқассири асоси дар руйдоди ин ҳодиса танҳо пулиси Омрико мебошад, агар онҳо воқена барои миллати омрико хизмат мекарданд метавонистанд аз сарзадани чунин воқеъа пешгири мекарданд.
Вале ба бародар Ашур Назарзода гуфтаниам ки мо дар ҳамаи мавзуъҳо изҳори назари туро мушоҳида накардем агар сад нафар тарафдори як мавзуъ бошанд ва як нафар мухолиф, ту ҳамон назари мухолифро тасдиқ мекунед ин нишондиҳандаи адами истиқлоли фикри шуморо мерасонад.Дар ҳамин мавзъи ҳичоб агар 99 нафар мухолиф мебуданд ва як нафар мувафиқ шумо ҳатман ҳамон як нафарро тасдиқ мекардед ва ба пушидани ҳичоб фатво медодед.Билахира мо дар корҳои ту ҳайрон мондем
Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
--------------------------------------
Оқои сардабир, мавзӯи ҳиҷобро беҳуда иваз кардед. Мардуми мо фақат ҳамин гуна мавзӯъҳои оддиро дарк мекунад, аммо ба баррасии мавзӯъҳои ҷаҳонӣ зӯраш намерасад.

Бо эҳтиром
Ашӯри Назарзода
--------------------------------------
Ин ҳодисаи даҳшатангез, ки дар Иёлоти Муттаҳида рух дод, боиси хавотирии бисёриҳост. Сабаби ин ҳодиса, ба назарам, ин марази рӯҳӣ доштани ин ҷавони зодаи Кореяи Ҷанубист. Илова бар ин ангезандаи ин фоҷиаи хунин ин фурӯши силоҳ барои ҳамагон аст. Дар ҳоле ки он кореоӣ шаҳрванди ИМА набуда, аммо силоҳро ба таври қонунӣ дарёфт кардааст. Ва пешгирии ин ҳодиса ин дар як меъёри муайян ва назоратталаб мондани фурӯши силоҳ аст.

Ханчарбек

--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG