Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавқифи муҳокимаи хабарнигори мустақил


Ин хабарнигори мустақил бо ҷурмҳои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва ташвиқи нооромиҳо бо кумаки молӣ аз хориҷ муттаҳам мешавад. Вале дар ҳамин ҳол ҳукуматҳои иддае аз мамолики олам ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ин айбномаро сахт танқид мекунанд.

Муҳокимаи тозашурӯъшудаи Ниёзова ба зудӣ мутаваққиф шуд.

Ниёзоваро бори аввал дар моҳи декабри гузашта дар фурӯдгоҳи Тошканд, вай пас аз мусоҳиба бо шоҳидони таъқиби гирдиҳамоиҳои Андиҷон аз Қирғизистон бармегашт, дастгир намуда буданд. Он замон хабарнигор раҳо шуд, вале мақомот компютер ва шиносномаи ӯро мусодира карданд.

Баъди муддате ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Узбакистон иброз доштанд, ки Ниёзова бо нигаҳдошти маводи зидди конститутсионӣ ва динӣ муттаҳам мешавад. Ҳамон вақт дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Умеда Ниёзова ин айбномаро беасос номида, гуфта буд:

"Иттиҳоми фаъолияти ғайриконститутсионӣ туҳмате бар ман аст. Ин ақида, ки гӯё онҳо дар байни чизҳои ман маводи зиддиконститутсионӣ паӣдо кардаанд, беасос аст ва ман қаблан ҳам ин масъаларо шарҳ дода будам".

Моҳи декабри соли гузашта баъди як боздошти кӯтоҳмуддат Ниёзова аз набуди амнияти худ нигаронӣ карда буд. Ӯ ба Қирғизистон фирор кард ва аз идораи СММ ҳаққи паноҳандагӣ талаб кард. Вакили мудофеъи Ниёзова ба ӯ машварат дод, ки ба Узбакистон баргардад, зеро мақомот дар компютераш ҳеҷ шаҳодати нигаҳдошти маводи ғайриконститутсионӣ наёфтаанд. Вале моҳи январ, вақте ки Ниёзова озими Тошканд шуд, ӯро дар марз боздошт намуда, ба Тошканд интиқол доданд.

Додситонҳо саъй доранд Ниёзоваро ҳамчун як душмани ашаддии ҳукумат нишон диҳанд. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ӯ пуштибонӣ намуда, аз мақомоти Узбакистон тақозо доранд, ки ин занро аз назди писари дусолааш дур накунанд.

Андреа Берг, раиси идораи созмони ҳомии ҳуқуқи башар мавсум ба "Ҳуман Райтс Воч", мегӯяд, ки Ниёзова бо ин муассиса ҳамкорӣ кардааст:

"Дар ҳоле ки ӯ ҳомии мустақили ҳуқуқи башар ва рӯзноманигори мустақил буд, дар идораи "Ҳуман Райтс Воч" тарҷумонӣ мекард."
XS
SM
MD
LG