Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин ва Лаҳистон мизбони мусобиқоти футболи ҷоми Аврупо - 2012


Укроин ва Лаҳистон мизбонони мусобиқот барои дарёфти ҷоми Аврупо оид ба футбол дар соли 2012 интихоб шуданд. Кумитаи иҷроияи УЕФА - федератсиюни футболи Аврупо рӯзи гузашта дар Кардиффи Инглистон чунин тасмим гирифт. Маросими ифтитоҳи мусобиқоти ЕВРО - 2012 дар шаҳри Варшава ва бозии ниҳоии он дар Киев баргузор мешавад. Ба ҷуз Укроин ва Лаҳистон, инчунин Итолиё ва Хорватияву Маҷористон низ муддаъии мизбонии Ҷоми Аврупо дар соли 2012 буданд.
XS
SM
MD
LG