Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Умеда Ниёзова дар Тошканд


Қарор аст имрӯз 19 апрел дар шаҳри Тошканд муҳокимаи додгоҳии хабарнигори мустақили узбак Умеда Ниёзова оғоз шавад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки иттиҳомоти эъломшуда алайҳи Умеда Ниёзова ангезаҳои сиёсӣ дорад. Мақомоти интизомии Ӯзбакистон ин хабарнигорро ба убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нашри варақаҳои зиддиҳукуматӣ муттаҳам мекунанд. Қонуни Ӯзбакистон барои ин аъмол то 10 соли зиндон ҷазо муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG