Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Амрико аз дахолати Эрон дар Афғонистон


Давлати Амрико аз афзоиши нақши сиёсиву низомии Эрон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Ричард Баучер мудири кулли идораи вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ба хабарнигорон гуфт,ки нишонаҳое мавҷуд аст,ки нақши Эрон дар Афғонистон вайронгарона мешавад. Як рӯз пеш аз ин генерал Питер Пейс ва фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, нерӯҳои эътилофӣ силоҳу маводи мунфаҷираи тавлиди эрониро забт намудаанд,ки барои Толибон пешбинӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG