Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқомҷӯӣ - ангезаи куштор дар Вирҷиниё


Шахси тирандоз,ки 32 нафарро дар донишгоҳи муҳандисии аёлати Вирҷинияи Амрико кушт,ба телевизони ЭН БИ СИ аксу иншо ва наворҳои видеоиеро фиристодааст,ки аз мушкилоти ӯ қисса мекунанд. Дар ин наворҳо вай аз хашму озурдагӣ ва азми ниқоргирӣ сухан мегӯяд.

Телевизиони ЭН БИ СИ гуфт, зоҳиран он навору навиштаву аксҳоро Чо Сеун Ҳу дар фосилаи байни тирандозии аввал ва дувумаш дар донишгоҳ дар рӯзи 16 апрел ирсол кардааст. Ин донишҷӯ, ки бемории равонӣ доштааст, пас аз тирандозӣ ва қатли 32 нафар худро низ кушт. Ин ҳамла хунинтарин ҳамла дар таърихи донишгоҳҳои Амрико маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG