Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳои ниҳоӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ахиран гузориши ниҳоии худ дар мавриди интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст.


Дар ин гузориш зикр шудааст, ки интихоботи ахири президентии Тоҷикистон ба тамоми меъёрҳои як интихоботи демократӣ мувофиқ набуд. Дар гузориши САҲУ, ки баъд аз панҷ моҳи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешавад, омадааст,ки интихоботи президентии рӯзи шашуми ноябри соли 2007, ки Эмомалии Раҳмон дар он пирӯз омад, орӣ аз рақобати воқеъӣ будааст.
Аҳзоби сиёсие, ки худро мухолифи давлат номидаанд, дар интихобот номзад пешниҳод накарданд. Ба ин далел таъкид шудааст дар гузориши САҲУ, корзори интихоботӣ орому осоишта, вале бисёр номаълум сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG