Пайвандҳои дастрасӣ

Маргбортарин ҳамла ҷони 200 ироқиро гирифт


Наздик ба 200 нафар бар асари як силсила бомбгузориҳо дар шаҳри Бағдод ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳамла аз моҳи феврал, аз замони оғози амалиёти тозаи амниятии Амрико дар шаҳри Бағдод, хунинтарин ҳамла маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи пулис маргбортарин ҳамла дар як бозори Садрия, ки аксаран шиъамазҳабон аз он харид мекунанд, сурат гирифта, 140 нафарро кушт ва 110 танро захмӣ кард. Бомбгузориҳои дигар чанд соат баъд дар маҳаллҳои мухталифи Бағдод ба вуқӯъ пайваст.
Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико рӯзи чоршанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад амалиёти амниятиро собитқадамона идома бидиҳад ва афзуд, ки интизори ин мерафт, ки шуришиён хушунатҳоро афзоиш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG