Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон: "Фаъолияти САҲA торафт камранг мегардад".


Дар он намояндагони аҳзоби расмӣ ва ғайрирасмии ин кишвар ширкат доштанд. Мирҳусайн Нарзиев раиси ҷиноҳи дувуми ҳизби сосиалист гуфт дар ин мулоқот,ки хеле вақти маҳдуд дошт, танҳо ба намояндаи ҳизби ҳоким, ба муовини раиси ҳизби ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов сухан дода шуд. Вай афзуд, ба ҳизбҳои мухолиф танҳо ҳаққи як суол додан пеш омаду тамом: «Ин вохӯрӣ аз рӯйи нақшаи пешакии мақомоти давлатӣ сурат гирифт ва аҳзоби мухолиф натавонистанд, ки нуқта назари худро ба раиси ин созмони бонуфузи байналмиллӣ пешниҳод кунанд».


Ва аммо Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили порлумон гуфт, мулоқоту дидорҳои раиси САҲУ бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ қаблан тарҳрезӣ ва дар фазои чандон озоду мунсифона сурат нагирифтааст: «Шахсан ман дидам,ки раиси ин созмони бонуфуз аз руйи коғаз ба суолҳо ҷавоби қаблан омода кардашударо медиҳад, нахостам суоле диҳам ва ин меҳмони баландмартабаро нороҳат кунам. Зеро 2 -3 рӯз пеш ба мо гуфта буданд,ки аз як суол бештар надиҳем».



Намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф бо ҳукумат ба ин назаранд, ки САҲУ ба унвони як ташкилоти бонуфузи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар замоне ки ҳозир намешавад ба ҳарфҳои тарафи муқобили ҳукумат гӯш диҳад,ин танҳо маънои онро доштааст,ки ин созмон эътибори худро дорад аз даст медиҳад. Ин дар ҳолест,ки ба қавли намояндагони аҳзоби Тоҷикистон оқои Моратинос дар мулоқоташ бо Эмомалии Раҳмон президенти Тоҷикистон аз рушди рӯзафзуну бемайлони демокрасӣ дар Тоҷикистон ишора мекард: "Бо назардошти он ,ки Тоҷикистон, тоза истиқлол ба даст овардааст, мусаллам аст,ки мисли кишварҳои дигари дар ҳоли рушд, ҳануз мушкилоти зиёдеро дар роҳи эмори як ҷомеъаи пешрафтаву демократӣ дар пешорӯ дорад. Аммо иқдомоту талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар ин роҳ, бояд табрик гуфт ва САҲУ омода аст дар ин роҳ ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа кумак кунад».



Аммо Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби демократи Маҳмадрузӣ Искандаров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона ба масоилу пешниҳодоти ироъанамудаи масъулини ҳизби демократ аз ҷониби раиси Созмони амният ва ҳамкори Авпупо ба таври бояду шояд расидагӣ ва ё таваҷҷуҳ зоҳир карда нашуд:" Мо чанд пешниҳоди муҳим кардем, аз ҷумла ман пешниҳод кардам,ки 3 қонуни интихоботи Тоҷикистон бояд б а стандартҳои байналмиллӣ мувофиқ карда шаванд,аммо ин пешниҳодотро бо худ гирифта бурданд ва бо президент дар миён нагузоштанд».


Ҷаноби Валиев афзуд, пешниҳоди дигари масъулини ин ҳизб ба раиси Созмон Амният ва ҳамкори Аврупо ин будааст,ки бояд бо мусоидати ин созмони бонуфузи байналмиллӣ,ба намояндагии Созмони ҷаҳонии Салиби сурх иҷозаи мулоқот бо маҳбусонро дар зиндонҳои Тоҷикистон дода шавад. Аммо Абдуалим Тоҳиров намояндаи дафтари Созмони амният ва ҳамкори Аврупо дар Душанбе, дар робита ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт, ҷаноби Мигел Моратинос ба тамоми масоил ва пешниҳодоти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод: «Нафақат пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ инчуин ба масоилу пешниҳодоти созмонҳои ғайридавлатӣ низ аз ҷониби раиси созмони амният ва ҳамкори аврупо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд».



Ҳамин тавр аксари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон,дар робита ба сафари раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкори аврупо ба Тоҷикистон гуфтанд, Мигел анхел Моратинос дар ин сафар на ба унвони раиси созмони бонуфузи байналмиллӣ, балки бештар ҳамчун як дипломат аз Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG