Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон насабашро иваз намуд


FM

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон имрӯз, ҳаждаҳуми апрел расман эълом дошт, ки шакли славянии ному насабашро тағйир дода ва аз ин ба баъд исми ӯ Ҳамроҳхон Зарифӣ хоҳад буд.


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дуввумин нафари расмӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки насаби худро ба шакли суннатӣ тағйир додааст.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидори худ бо зиёиёни кишвар дар як моҳи қабл эълом карда буд, ки аз насаби худ пасванди русиро ҳазф хоҳад намуд ва аз ин ба баъд Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин тавсия дода буд, то тифлони навзоди тоҷик низ ба тарзи суннатӣ номгузорӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG