Пайвандҳои дастрасӣ

Нопадид шудани рӯзноманигори қазоқ


Оралгайша Жабагтайкизи - рӯзноманигори рӯзномаи ҷумҳуриявии «Закон и правосудие» нопадид гардидааст. Ба гуфтаи Тамара Калеева - раиси Сандуқи байналмилалии дифоъ аз озодии баён бо номи «Адил суз» ҳарчанд Оралгайша аз 30 марти соли равон нопадид аст, вале ба онҳо онҳо дар ин бора танҳо 16 апрел муроҷиат кардаанд. Зеро то ин вақт хешовандони рӯзноманигор ба таври инфиродӣ ба бозҷуии ӯ машғул гардидаанд ва баъдан ба пулис муроҷиат кардаанд. Алъон тавре раиси Сандуқи байналмилии «Адил суз» мегуяд, вазъ басо нигаронкунанда аст.


Нопадид гардидани Оралгайша Жабагтайкизи - раиси бахши зидди фасоди рӯзномаи «Закон и правосудие»-ро хонум Калеева ба фаъолияти ҳирфавии у баста медонад. Оралгайша асосан дар мавзуъи фасод матлабҳо омода кардааст. Вай дар бораи фасод дар ширкати бузурги «Қазоқмис» навиштааст ва матлаби тоза ва нотамоми ӯ ба руйдоди ахир дар деҳаи Маловодное бахшида шудааст, ки дар натиҷаи бархурди мусаллаҳона дар ин деҳа рузҳои 17 ва 18 март се нафар ҷони хешро аз даст дода буданд.



Баъди чопи матлаб, ба гуфтаи Муҳит Исҳоқов - ҳамкори Оралгайша, ашхоси номаълум борҳо занг зада, ба вай таҳдид кардаанд. Хонум Калеева чунин ҳадс мезанад, ки ин таҳдидҳо комилан ҷиддӣ буданд, зеро вай барои дифоъи хеш камон харид ва у тирандози хуб ҳам буд. Бори охир Оралгайшаро наздиконаш дар Алмаато дидаанд.


Вай аз Остона ҳамроҳи ҳамкораш барои омода кардани идомаи матлаби марбут ба бархурд дар деҳаи Маловодное ба Алмаато омада дар ин ҷо ҳуҷраеро иҷора гирифтааст. Нимарӯзи 30 март дугонаи Оралгайша уро ҳангоми ба мошини номаълуми тамғаи «Чип» савор шудан дидааст. Баъд касе уро дучор наомадааст. Алъон ҷустуҷуи Оралгайша Жабагтайкизи натиҷае надодааст.



Оралгайшаи 39 -сола соҳиби як духтар аст ва фарзандаш дар синфи 7 мехонад. Раиси сандуқи байналмилалии «Адил соз» мегӯяд, онҳо аз он нигаронанд, ки духтари рузноманигор низ нопадид нагардад. Аз ин хотир бародари Оралгайша ба таври фаврӣ ба Остона рафтааст. Хонум Калеева иброз медорад, ки то ҳол борҳо воқеаҳои боздошт ва латту куби рӯзноманигорон дар Қазоқистон рух дода буданд, вале ин бори нахуст аст, ки рузноманигор нопадид мегардад ва то ин вақт дар бораи ӯ маълумоте ҳам ба даст наомадааст.


Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG