Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати кормандони СММ дар Афғонистон


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун аз марги панҷ корманди қарордодии ин созмон дар Афғонистон ибрози андуҳу дард кардааст. Рӯзи сешанбе чаҳор маъмури амниятии непалӣ ва ронандаи афғони онҳо бар асари инфиҷори бомбе дар вилояти Қандаҳор ҷони худро аз даст доданд.


Ин панҷ нафар дар дафтари иҷрои лоиҳаҳои СММ машғули фаъолият буданд. Ин ҳамла, ки пайкорҷӯёни Толибон масъулияти онро бар ӯҳда гирифтанд, пас аз суқути ин режим дар Афғонистон маргбортарин ҳуҷум ба кормандони Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG