Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари маcъули олии ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон


Луиза Арбур кумисионери олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон ҳафтаи оянда вориди Тоҷикистон мешавад. Боздиди ӯ аз ин кишвар дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амал омада, қарор аст ӯ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳоро баррасӣ намояд.


Сафари Луиза Арбур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон рӯзи 24 - апрел шурӯъ мешавад ва аз 25 то 29 апрел дар Тоҷикистон идома меёбад. Сипас хонум Арбур аз Қазоқистон ва Туркманистон боздид мекунад.

Ӯзбакистон, ки пайваста мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ қарор мегирад, дар барномаи сафари намояндаи олирутбаи Созмони Милал нест ва сабабҳои он низ гуфта нашудааст. Дар ҷараёни сафар кумисионери олии СММ бо мақомоти олирутбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти ҳуқуқи инсон ва ҳамкориҳоро баррасӣ менамояд.
XS
SM
MD
LG