Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи бостоншиносони Маскав дар Душанбе


Қарор аст имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиши нигораҳои Осорхонаи бостоншиносии Маскав баргузор шавад. Ба гуфтаи Шаҳло Мӯсоева, масъули Идораи фарҳанги шаҳрдории Душанбе намоишгоҳи мазкур то якуми майи соли равон идома хоҳад кард. Нигораҳо, ки шуморашон беш аз сад адад аст, дар толори Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзоди пойтахти Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд. Хонум Мӯсоева афзуд соли оянда дар шаҳри Маскав низ ҳамин гуна намоишгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил мешавад.
XS
SM
MD
LG