Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди Аврупо: "Таниши Укроин кори дохилии ин кишвар аст"


Қабл аз шурӯъи баррасӣ Хадамоти амниятии Укроин хабар дод, ки далелҳои ба фасод олуда будани додраси Додгоҳи Қонуни асосӣ Сюзанна Станикро ошкор кардааст. Хонум Станик - гузоришгари аслӣ дар мурофиаи Додгоҳи конститутсионӣ маҳсуб мешавад. Ва аммо Додситонии кулли Укроин иттилоъи Хадамоти амниятии кишвар дар бораи эҳто шудани молу мавод ба маблағи 12 миллион доллар ба яке аз пайвандони Сюзанна Станикро рад кард.
Баррасии амри Виктор Юшенко дар Додгоҳи Қонуни асосӣ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки раисиҷумҳури Укроин имрӯз дар Брюссел вазъи кишварро бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мекард. Жозе Мануэл Баррозо - раиси Комиссиюни Аврупо дар мулоқот бо президенти Укроин изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ин таниши сиёсӣ аз ягон нерӯ пуштибонӣ нахоҳад кард. Баъд аз ин мулоқот ӯ ба хабарнигорон гуфт:

Паёми ман ба раисиҷумҳури Укроин ва мардуми Укроин ин гуна аст: мо аз демократия ва субот дар Укроин пуштибонӣ мекунем. Ман аз президент Юшенко даъват кардам, ки ҳамроҳ бо ҳама аҳзоб ва бо арҷгузорӣ ба принсипҳои демократия ва волояти қонун талошҳо барои пайдо кардани роҳҳали мувофиқ аз вазъи ба вуқуъпайвастаро қатъ накунад.

Рӯзи сешанбе сарвазири Укроин Виктор Янукович дар ҳамин мавзӯъ - вазъи сиёсии Укроин - дар Ассамблеяи парлумони Шӯрои Аврупо дар Страсбург суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG