Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як ҷавони тоҷик дар Маскав


Шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Хайрулло Содиқов шоми душанбеи 16-уми апрели дар минтақаи Перовои шаҳри Маскав дар пайи ҳамлаи ду нафари номаълум кушта шудааст. Дар ин бора ба радиои Озодӣ дар Маскав Ашуралӣ як тан аз пайвандони Хайрулло хабар дод. Ашуралӣ гуфт, ки Хайрулло зодаи шаҳри Душанбе, дастпарвари Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва муҳандиси яке аз ширкатҳои бинокории Маскав буд.

Ашуралӣ ҳамчунин хабар дод, манзараи ҳамла ба Хайрулло аз тариқи назорати видеоии кӯча сабт шудааст ва аз навор дида мешавад, ду нафар ба Хайрулло аз пушт ҳамла карда, ба бадани вай 35 корд мезананд.

Дар робита ба ҳалокати Хайрулло Содиқов дастёри додситони шаҳри Маскав Валентина Алексеева ба радиои Озодӣ хабар дод, бо қазияи куштори дастаҷамъӣ парванди ҷиноӣ боз шудааст. Дастёри додситони Маскав ҳамчунин гуфт, ки дар робита ба куштори Содиқов ҳоло касе боздошт нашудаст ва бозрасон тамоми ривоёти эҳтимолии ҳодисаро тафтиш хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Хайрулло Содиқов дуввумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки тайи даҳ рӯзи охир аз сӯи ашхоси номаълум дар Маскав бо корд кушта мешавад. Шаби 9-уми апрел дар бахши шимолии Маскав як муҳоҷири 23-солаи тоҷик бо номи Самадов дар кӯча бо корд кушта шуд. Бо ҳамин шева рӯзи 17-уми апрел шаҳрванди 46-солаи Арманистон Карен Абрамян кушта шудааст. Бино ба навиштаи хабаргузории Интерфакс ба Абрамян се ҷавони сартарошидаи скинҳедмонанд бо корд ҳамла кардаанд ва дар ҷараёни ҳамла шиорҳои миллатгароёна мезаданд.

Бино ба гузориши Созмони ҳуқуқи башари Маскав тайи се моҳи аввали соли равон дар Русия дар заминаи миллатгароӣ 13 нафар хориҷӣ кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ карда шудаанд. Ба навиштаи ҳамин манбаъ дар Русия ҳудудан 50 созмони скинҳедҳо фаъолият мекунад
XS
SM
MD
LG