Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози тоҷирзанон дар Панҷакент


ШР

Ҳудуди 100 нафар тоҷирзанони панҷакентӣ дар вокуниш ба тасмими шаҳрдории Панҷакент барои кӯч додани бозори марказии ин шаҳр даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд.

Эътирозгарон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ иброз доштанд,ки тасмими шаҳрдорӣ дар мавриди кӯч додани бозори марказии шаҳри Панҷакент бидуни касби ризояти точирони ин бозор гирифта шудааст ва барои тоҷирон дар маҳалли бозори нав шароити лозим барои пешбурди тиҷорат фароҳам оварда нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Зафарҷон Атоев муовини раиси шаҳрдории Панҷакент дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт тавзеҳи нодурусти масъулони бозори «Гулистон» дар мавриди кӯч додани бозориён боиси эътирози тоҷирон шудааст. Вай афзуд кӯч додани бозор ба маҳалли нав то як моҳи дигар тамдид мешавад ва барои ҳамаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти бозори ҷадид ҷойҳои мувофиқи корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест,ки тазоҳуркунандагон изҳор кардаанд, дар сурати муҳайё нашудани шароити матлуби корӣ дар бозори навбунёд онҳо дубора ба тазоҳурот даст хоҳанд зад.

Шоҳини Равшан, Панҷакент.
XS
SM
MD
LG