Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду Пулитcери Уолл Стрит


Ин ҷоиза, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 10 000 доллар будани маблағаш аз мӯътабартарин ҷоизаҳои журналистӣ шинохта шудааст, тибқи васияти сармоядор ва ношири маҷоритабори амрикоӣ Ҷозеф Пулитсер таъсис ёфта, аз соли 1917 барои беҳтарин корҳои журналистӣ эъто мешавад.

«The Wall Street Journal" имсол танҳо нашрияе буд, ки тавонист ҷоизаҳои Пулитсерро дар ду бахши инъикоси масоили марбут ба хадамоти шаҳрӣ ва таъсироти иқтисоди дар ҳоли тавсиъаи Чин дарёфт кунад.

Ҳар сол ҷоизаи Пулитсер дар 14 бахши журнализм ва ҳафт бахши фарҳанг ва ҳунар тақдим мешавад. Дар риштаи журналистика соли 2007 кори нашрияи "The Oregonian" барои хабари оҷил, нашрияи "The Birmingham News" барои гузориши таҳқиқотӣ, "The Boston Globe" барои баррасии умури дохилаи кишвар бо ҷоизаҳои Пулитсер тақдир шуданд. Маъмурияти ҷоизаи Пулитсер имсол қарор кард, ки ҷоиза барои беҳтарин кори таҳририро ба нашрияи "The New York Daily News" барои инъикоси назариёти кормандони Маркази ҷаҳонии тиҷорат, ки 11 сентябри соли 2001 мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, тақдим намояд.

Пол Штейгер, яке аз сардабирони "The Wall Street Journal" дар муроҷиат ба ҳамкасбонаш навишт, ки "мутмаин ҳаст, яке аз рисолатҳои аслии созмонҳои хабаррасонӣ ифшои дардҳои риштаи соҳибкории ҷомеа ба хотири даво пайдо кардани ин дардҳост."

Яке аз ҷоизаҳои Пулитсерро "The Wall Street Journal" барои силсилагузоришҳои таҳқиқотие соҳиб шуд, ки иштибоҳҳои кории ширкатҳои бонуфузтарини ҷаҳонро ба намоиш мегузошт. Дар пайи нашри ин гузоришҳо дасти кам 70 нафари масъул аз мақом барканор шуда, нисбат ба 10 раҳбари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷоизаи дигари Пулитсер ба ин нашрия барои беҳтарин пӯшиши таҳаввулоти байналмилалӣ эъто шудааст. Хабарнигорони "The Wall Street Journal" дар силсилагузоришҳои худ таъсири иқтисоди тавсиъаёбандаи Чин ба соҳоти мухталифи байналмилалӣ - аз нобаробариҳои иқтисодиву иҷтимойӣ сар карда то олудашавии ҳаворо ба баррасӣ гирифтаанд.

Ҷоизаи Пулитсер имсол ҳамчунин ба аксбардор Оддед Беллити аз хабаргузории «Ассошейтед пресс» ҳам эъто шуд, ки як занро ҳангоми муқовиматаш ба тахриби шаҳракҳои яҳудинишини каронаи бохтарии рӯди Урдун аз сӯи нирӯҳои пулиси Исроил тасвир мекунад. Ин акс муқовимати як занро ба даҳҳо полиси мусаллаҳ бо аслиҳаву сипар дар як майдони оғуштаи дуду оташ намоиш медиҳад.

Хабарнигори аккоси дигар - Ҷаҳонгир Размии иронӣ низ соҳиби ҷоизаи вижаи Пулитсер шуд. Акси ӯ, ки соли 1979 дар нашрияи "Иттилоот"-и Теҳрон чоп шудааст, гурӯҳи ҷаллодони артишро ҳангоми иҷрои ҳукми қатли як гурӯҳ ба навор гирифтааст. То моҳи декабри соли гузашта ҳуввияти муаллифи ин акс номаълум буд ва инак, баъди ошкор шудани исми аксбардор, ба вай ҷоизаи вижаи озмун супурда шуд.
XS
SM
MD
LG