Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО ба ёдгориҳои Тоҷикистон назар меандӯзад?


Ҳамоиши мазбур дар Чин, Қазоқистон ва Ӯзбакистон баргузор гардид ва ҳамакнун ба Тоҷикистон омад.

Френсис Чайлд - раиси раёсати қораи Осиё ва кишварҳои уқёнуси Ором дар ЮНЕСКО дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин нишаст, такмили феҳристи ёдгориҳои меъмориест, ки то 200 сол муқаддамтар аз солшумории мелодӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим вуҷуд доштаанд.

Аммо ба назар мерасад, ки такмили феҳристи мазбур миёни бостоншиносон ақоиди зиду нақиз ба бор овардааст. Раҳим Масов, академисюни тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду нишасти қаблӣ дар Ӯзбакистону Қазоқистон масъулин аз мавҷудияти чанд номгӯй ибодатгоҳу шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон дар арзу тӯли ин роҳ чашм пӯшидаанд.

Музаффар Азизӣ, раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бозрасии фарҳангии кишвар меафзояд, барои собит намудани ин иншоот кумиссиюни ҳамоиш бо шумули масъулини ЮНЕСКО ба чанд мавзеъи кишвар, аз ҷумла ба Бадахшон, барои баррасии силсилакохҳои Вахони Помир сафар мекунанд.

Ва аммо то ҳамин маврид ба лоиҳаи феҳристи ЮНЕСКО ҳашт ёдгории меъморӣ ва он ҳам ду ададӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва 4 шаҳри бостонӣ аз Ӯзбакистон шомил шудааст.

Олимони тоҷик мегӯянд, дар охирин нишаст, ки дар Самарқанди Ӯзбакистон гузашт, манфиатҳои Тоҷикистон пушти дар монд.

Ва аммо Абдусафӣ Раҳмонов, бостоншиноси ӯзбак дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маврид ҳар кишвар аз манофеъи худ дифоъ мекунад. Ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё дуруст аст, ки лоиҳаи дар Самарқанд ба тасвиб расида, манофеъи бархе аз кишварҳоро ба назар нагирифтааст ва ин лоиҳа мавриди баҳсоҳо қарор гирифтааст, гуфт:

«Бале, дар ин маврид мубоҳиса ба миён омаданаш мумкин аст, зеро дар ин лоиҳа ҳар кишвар аз манфиатҳои худ пуштибонӣ мекунад»

Коршиносон мегӯянд, ҳамакнун дар мавриди ба феҳристи Эҳёи Роҳи Абрешим шомил кардани ёдгориҳои меъморӣ ва шаҳрҳои бостонӣ миёни кишварҳо баҳс бархостааст. Аз Френсис Чайлд - раиси қораи Осиё ва кишварҳои уқёнуси Ором дар ЮНЕСКО мепурсам, ки оё ин нофаҳмиҳо миёни уламои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд? Ӯ будани нофаҳмиро дар баёни олимон таъйид карда, гуфт:

«Ростӣ, ин ва дигар нишастҳои олимонро мо барои он роҳандозӣ кардаем, ки ҳамин нофаҳмиҳо рафъ гарданд ва як нуқтаи назари барои ҳама мувофиқро пайдо кунем»

Барои иншооти меъморӣ, ки ба феҳристи мазбур шомил мешаванд, ЮНЕСКО ҳудуди 100 млн доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Тоҷикистон ба ин феҳрист 8 ёдгории меъмориро бо шумули шаҳрҳои Бунҷикат, Панҷакент, Ҳулбук ва маъбуди Хоҷа Машҳад ва Тахти Сангин пешниҳод кардаааст. Музаффар Азизӣ мегӯяд, дар назар аст, ки лоиҳаи Эҳёи Роҳи Абрешим дар оянда ба як хатсайри байнулмилалии ҷаҳонгардӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG