Пайвандҳои дастрасӣ

Сухани ректор: "Ҳиҷоб либоси мо нест!"


Вақте ки ман ба ин донишгоҳ аз ҷониби президенти кишвар пазируфта шудам, воқеан донишгоҳ дар ҳолати ногувор қарор дошт. Гап дар ин аст, ки дар ин ҷо устодро аз шогирд ва шогирдро аз устод аз нигоҳи сару либос фарқ кардан душвор буд. Шогирд мисле, ки сарҳуй буд. Фақат дафтарчаи имтиҳонаш мехонд ва сомонӣ барои вай баҳо гирифта медод.
Баъд аз як рӯзи фаъолияти ректориам фармони аввалине, ки имзо кардам он буд, ки дар ҳудуди ДДОТ кашидани нос ва сигарет манъ карда шавад.
Дуюм, фармон ин буд, ки минбаъд ба даргоҳи донишгоҳ тамоми устодон ва шогирдон бо либоси расмӣ бояд ворид шаванд. Донишҷӯ бо шиму костюм, галстук, куртаи сафед, туфлӣ, бидуни риш ва бо мӯи сари мураттаб ва кӯтоҳ бояд ба дарс ояд. Албатта ин меъёр барои устодон низ ҳатмӣ дониста шуд.
Дар аввалҳо бо баъзе мушкилиҳо ҳамчун сарвари нави донишгоҳ дучор омадам. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки рӯзе кучукеро дар кӯча галстук бандонида ба саҳни донишгоҳ ворид карданд то Асозода бубинад, ки ҳамин кучук ҳам галстукдор шудааст .Аммо бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо дар як моҳ тамоми устодон ва шогирдон ба қолаби расмӣ даромаданд.
Лекин вақте, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маро ба ин вазифа таъйин мекард, зимни сӯҳбат як чизро таъкид кард:-« Устод, Донишгоҳи омӯзгорӣ валангор аст. Ин донишгоҳро бояд обод кард. Меравед ҳамин вазифаро қабул мекунед.»
Воқеан, ман пас аз ду -се рӯзи ба фаъолият оғоз кардан ба пушти бинои асосӣ гузаштам, ки он ҷо трактор ҳам буд, мошинҳои шикастагӣ ҳам буд ва тамоми маҳаллаи атроф ин қисми донишгоҳро ахлотҷо карда буданд. Як қисми донишгоҳ тамоман бепанҷара ва сарҳуй буд, ки макони ахлотпартоии одамони гирду атроф шуда буд. Барои мисол боми толори варзиши рӯи замин мехобид. Толори хурди варзиширо бошад, фурӯхта будаанд. Толори чаҳорсадҷояе, ки замоне вазифаи маҷлисгоҳро иҷро мекард, онро ҳам фурӯхта буданд, ки дар дохили он ҳафт адад мизи билярд гузошта шуда буд.Таҳхонаҳоро ва дар ҳар як қабат аз як то се синфхонаҳоро фурӯхта буданд. Даҳлезҳои калоне, ки як замоне ҷойи истироҳати донишҷӯён буд, онҳоро кабинет сохта маҳкам карда буданд. Хулоса ба як вазъияте рӯбарӯ омадам, ки қариб буд ректориро бимонаму бигурезам. Аввалин коре, ки ман анҷом додам, тамоми шикастурехти донишгоҳро аз синфхонаҳову толорҳову даҳлезҳову лабораторияҳо ошхонаҳои валангор мунтаҳо ҳамаи ин вайронаҳоро ба навор бардоштам. Ва бо таҳияи панҷ дақиқа пешгуфтор, ки он ҷо худам сӯҳбат мекардам ва ин наворро ба дастгоҳи иҷроия фиристодам, то ки ба сарвари давлат расонанд. Рости гап, намедонам, ки ин кассетаро ба сарвари давлат додаанд ё не, вале як дафъа дар маҷлисе, ки ба соҳаи маориф бахшида шуда буд, сарвари давлат мавзӯи Донишгоҳи омӯзгориро баррасӣ карда масъалаи таъмири катиталиро ба миён гузоштанд.

Ин панҷараҳое, ки дар гирди бинои Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамчун девори муҳофизатӣ устувор шудаанд, яъне бесабаб набудаанд?

Бале. Аммо ин панҷараҳо то омадани ман ба ин даргоҳ буданд. Ин панҷараҳо ба муносибати ҳафтодсолагии донишгоҳ агар хато накунам дар соли 2001 дар вақти фаъолияти ректори собиқ бо кӯмаки ҳукумати шаҳр ва ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта шудаанд. Фақат тарафи қафои донишгоҳ панҷара надошт, ки чуноне пештар гуфтам ба ахлотҷо табдил карда буданд. Вақте ки ман омадам онҷоро бо хишт девор кардем. Девор карда дарвоза шинонидем, то ки маҳалла ахлотро дар ҳудуди донишогҳ партофта натавонанд. Панҷара дар шароити феълии Тоҷикистон зарур аст. Шумо тасаввур кунед, ки ағлаби роҳгузарони хиёбони назди донишгоҳ аз кӯча гузар намекарданду ҳама аз ҳудуди донишгоҳ гузар мекарданд. Яъне ин ҷо ҳамин хел кушода буд. Дигар ин ки баъд аз нооромиҳои солҳои навад аз нигоҳи ҳифзи амволи лабаратория синфхонаву мизи чавкиву дигару дигар ин панҷараҳо то ҷойе метавонад, ки донишгоҳро муҳофизат кунад. Ман тарафдори он ҳастам, ки ин панҷараҳо бошанд.

Донишгоҳи омӯзгорӣ қаблан номи Т. Г. Шевченко шоири маъруфи укроиниро дошт, вале баъдтар дар солҳои навадум ба номи Қандил Ҷӯраев яке аз ректорони собиқи он гузошта шуд ва инак ҳоло бо номи устод Айнӣ номгузорӣ шуд. Аслан чӣ зарурият дошт, ки номи донишгоҳ тағйир ёбад?

Рости гап, ин заруриятро ман намедонам хабар ҳам надоштам, ки чунин номгузорӣ мешавад. Аз рӯзе, ки ба ин ҷо омадам, як гурӯҳи устодони собиқадори донишгоҳ ҳамеша ба дастгоҳи иҷроия, ба унвони президент мактуб менавиштанд ва мегуфтанд, ки номи донишгоҳ иваз карда шавад. Дар як мактубашон навишта буданд, ки худи раҳматӣ Қандил Ҷӯраев мехостааст, ки номи донишгоҳ Саъдии Шерозӣ бошад. Ду-се дафъа бо баъзе аз ҳамон муаллифоҳо сӯҳбат ҳам кардам. Лекин азбаски ман дохили ин донишгоҳро хуб намедонистам ва дар ин ҷо таҳсил накарда будам рости гап баъзе сиру асрори ин донишгоҳро хуб намедонистам. Яъне пиронсолоне, ки панҷоҳ-шаст соли умри худро дар ҳамин донишгоҳ сипарӣ кардаанд. Ва рӯзе, ки президенти кишвар барои қабули бино нави факултети филология ва таърих омаданд ва бо устодон сӯҳбат карданд, дар ҳамон ҷо гуфтанд, ки дар рӯзи мулоқот бо зиёиён як тағйирот нисбати донишгоҳи шумо мешавад, аммо ҳозир намегӯям. Ба ман ҳам нагуфтанд. Ва вақте ки маърӯзаро дар ҳузури зиёиён хонданд, эълон карданд, ки нахустин мактаби олии ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгорииТоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ гузошта шавад. Ва ҳоло ки донишгоҳ ба номи устод Айнӣ номгузорӣ шуд, чанд сабаб дорад.
Айнӣ шахсияти ҷаҳонӣ аст. Айнӣ аз омӯзгорӣ оғоз кардааст. Айнӣ худ муаллим буд. Айнӣ аввалин акдемик, аввалин доктори филология, аввалин президенти АУ Тоҷикистон буд. Айнӣ аз соли 1920 то поёни умраш барои миллати тоҷик, барои ободии ҷумҳурӣ заҳмат кашидааст. Яъне ӯ, ки педагоги воқеӣ буд, ҳукумат ва сарвари давлат ба ин хулоса омаданд, ки нахустин мактаби олии омӯзгорӣ, ки ягона аст ба номи касе гузошта шавад, ки вай қаҳрамони Тоҷикистон аст ва ихтисосаш ҳам омӯзгорӣ буд. Бо гузоштани ин ном аллакай дар байни даҳ - понздаҳ рӯз манзалати донишгоҳи мо боло рафт.
Айнӣ шахсияте ҳаст, ки донишгоҳи омӯзгориро аз маҳалл дур мекунад, балки тамоми Тоҷкистон ва берун аз онро ҷалб мекунад. Аммо номи Қандил Шарифович Ҷӯраев андак маҳдудтар буд, шояд ин ҷо ба маҳал кашида мешуд.

Ҳоло дар бештари кишварҳои дунё омӯзиш додани ин ё он мутахассис аз рӯи фармоиш сурат мегирад. Яъне мутахассис аз рӯи фармоиш ва дархости корхона ва муассиса ва бо маблағгузории онҳо омода карда мешавад. Ба назари шумо, имрӯз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки аз буҷаи давлат таъмини молӣ мешавад, ба чунин тарзи кор омода ҳаст?

Донишгоҳи мо асосан буҷавӣ аст ва аз тарафи давлат таъмини молӣ карда мешавад. Донишгоҳи мо ҳозир даҳ ҳазор донишҷӯ дорад. Ҳам аз ҳисоби буҷаи давлат ва ҳам тариқи шартномавӣ донишҷӯ қабул карда мешавад. Вале мо шартномаҳо дорем ба навоҳии дурдаст. Масалан ба Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод ва ноҳияи Айнӣ, ки аз ин ноҳияҳо бо хоҳиши раисони ҳукумат ба мо ҳар сол миқдори даҳ- дувоздаҳ нафарро меоваранд, ба тариқи шартномавӣ ва баъд аз хатм онҳо пас мераванд ба ноҳияҳояшон. Инро метавон як тариқи фармоиш номид.

Дигар ин аст, ки шумо медонед, соли шашум аст квотаи президентӣ амал мекунад. Маънои квотаи президентӣ ҳам ҳамин аст, онҳое, ки таҳти чунин шароит донишгоҳро хатм мекунанд барои кор ба ноҳияҳои худашон ҳатман пас мегарданд. Ба ғайр аз ин дар донишгоҳи мо ду ҳазор шаҳрванд аз кишварҳои хориҷӣ мехонанд. Аз ин якуним ҳазорашонро тоҷикони Ӯзбекистон ва ӯзбекҳои Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Бештар тоҷикони вилояти Сурхондарё. Инҳо ба тариқи шартномавӣ мехонанд. Лекин шароити шартномаашон ҳамоне аст,ки мо барои тоҷикони худамон муайян кардаем. Ҳарчанд, ки инҳо хориҷӣ ҳастанду бояд ҳафтсад доллар бисупоранд, мисли афғонҳову ирониҳо покистониҳо. Аз Олмон аз Ингилистон ҳам шогирдҳо дорем, ки албатта онҳо зиёд нестанд. Лекин теъдоди донишҷӯи аз ҳама зиёд чӣ дар бахши рӯзона ва чӣ дар ғоибона аз Ӯзбекистон аз вилояти Сурхондарё ҳаст. Ба истиснои ин ҳама, мо боз квотаҳо барои Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дорем. Дар ҳар гурӯҳ се - чаҳор нафарӣ. Инҳо бо квотаҳои ҳамон ҷумҳуриҳо меоянд, ки дар ғайри шартнома мебошад ва онҳо асосан тоҷикон мебошанд. Яъне, тоҷикони Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳастанд.

Шумо гуфтед, ки ҷонибдори сару либоси ягонаи донишҷӯ ҳастед. Фикр намекунед, ки ин тасмими шумо ба иззати нафси ҷавонҳо мерасад, зеро зиндагии онҳо аз сӯи нафари дигар танзим мешавад?

Бародари азиз, дар тамоми дунё инсонҳо се хел либос доранд. Як либоси расмӣ доранд, ки ба тӯй мераванд ба театр мераванд, як либоси расмии дигар доранд, ки ба кор мераванд, либоси дигаре ҳам ҳаст, ки дар хона мепӯшанд. Боз як либоси дигаре ҳаст ки бо он ба кӯча мебароянд -масалан бо он ба мошинаш озод мешинаду меравад. Донишгоҳи мо омӯзгорӣ аст, мо омӯзгор тайёр мекунем. Омӯзгор бояд сараввал шакли зоҳириашро дуруст кунад. Донишҷӯро шумо агар бесумка ва бедафтару қалам бинед аз куҷо медонед, ки ӯ донишҷӯ аст. Яъне вазифаи донишҷӯ ширкат кардан ба дарс ва риоят кардани меъёрҳои дохилии таълимгоҳ мебошад. Ин низом ва ин дастур дар давраи Шӯравӣ ҳам буд дар давраи императории Русия ва дар даврони амирсолорӣ ҳам буд, ки барои мисол онҳое, ки мехонданд дар мадорис мисли устод Айнӣ либоси мадрасаравӣ доштанд.
Як вақт гуфтанд, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ пӯшидани шимро манъ кардаанд. Мо пӯшидани либоси ҷинсро, ки нақшу нигор дорад, барои духтарон манъ кардаем. Либоси ҳиҷоб дар мо умуман нест. Пӯшидани либоси аврупоӣ ва либоси миллӣ барои духтарон бидуни кадом фишор иҷозат аст.

Яъне, агар донишҷӯ бо ҳиҷоб вориди Донишгоҳ шавад, мумкин нест?

Мумкин нест. Чунки донишгоҳи мо донишгоҳи давлатӣ аст. Ҷумҳурии мо дунявӣ аст, ҷумҳурии исломӣ нест. Ҳиҷоб либоси тоҷик нест. Либоси арабҳо ҳаст, либоси ирониҳо ҳаст, ки инҳо ҳам қабул карда фақат сиёҳ мепӯшанд. Чаро бояд духтари тоҷик ҳиҷоб пӯшида биояд?
XS
SM
MD
LG