Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ тасмими президентро баррасӣ менамояд


Додгоҳи қонуни асосии Укроин қарор аст имрӯз ба баррасии фармони раиси ҷумҳури ин кишвар Виктор Юшченко дар мавриди пароканда кардани порлумон ва баргузории интихоботи зудрас пардозад.
Рақиби Виктор Юшченко нахуствазир Виктор Янукович ва тарафдоронаш дар порлумон ин фармонро напазируфтаанд ва барои баргузории интихобот маблағ ихтисос надоданд. Бар асоси фармон интихобот бояд - 27 май баргузор шавад. Аммо Виктор Юшченко рузи душанбе гуфт,ки омода аст дар мавриди ба таъхир гузоштани интихобот музокира кунад.
XS
SM
MD
LG