Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз бераҳмии пулиси Русия


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз рафтори хушунатомези пулиси Русия бо тазоҳургарони тарафдори нерӯҳои мухолифин ибрози нигаронӣ карданд. Пулиси зидди шӯриши Русия рӯзи якшанбе дар ҷараёни тазоҳурот дар шаҳри Санкт Петербург 120 нафар ва рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав дар раҳпаймоии норозиён 170 нафарро боздошт кард. Бино ба гузоришҳо, баъзе аз тазоҳургарон дар натиҷаи бархурди хушунатомези пулис маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҳамин ҳол мири шаҳри Санкт Петербург Валентина Матвиенко дастур додааст, то мақомоти интизомӣ ба таври комил гузоришҳо доир ба зӯровариҳои пулис бо тазоҳургаронро таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG