Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 куштаи тирандозӣ дар донишгоҳи Вирҷиниё


Бар асоси гузоришҳои расида дар ҳодисаи тирандозӣ дар донишгоҳи Вирҷинияи Амрико дасти кам 33 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи пулис,ҳувийяти марди мусаллаҳ, ки худро низ кушт, ҳанӯз маълум нашудааст. Аксарияти қурбониён дар ин фоҷиа донишҷӯён будаанд.


Ангезаҳои куштор низ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи мақомот фарди мусаллаҳ аввал дар хобгоҳи донишгоҳи технологии Вирҷиния ва сипас дар як толори он тирандозӣ кардааст. Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба ин фоҷиа гуфт: "Имрӯз миллати мо ҳамроҳ бо онҳое, ки дустдоштаҳои худро дар донишгоҳи Вирҷиния аз даст доданд ғамгин аст. Мо қурбониёнро дар ёд хоҳем дошт, ва ҳангоми ибодат дар ҳаққи онҳо дуо хоҳем кард. Ва мо аз Худованди азиз мехоҳем, то ба онҳое, мотам доранд, тасаллӣ диҳад".


Дар таърихи Амрико то кунун чунин ҳодисаи маргбор рух надодааст.
XS
SM
MD
LG