Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳалокати мардуми осоишта дар Афғонистон


Дар гузориши нави Human Rights Watch гуфта мешавад, бомбгузории ошӯбгарона дар Афғонистон дар соли гузашта ду баробар бештар шуд ва наздик ба 700 нафар аз таркиши ин бомбаҳо ва даргириҳои дигар кушта шудаанд.

Ҷумбиши Толибон, ба гузориши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, ҳарчи бештар гурӯҳҳои мушаххаси аҳолӣ, аз ҷумла кормандони созмонҳои хайрия, журналистон, пизишкон, раҳбарони мазҳабӣ ва ходимони давлатро ҳадаф қарор медиҳад. Ин афродро Толибон ба ҷосусӣ ё ҳамкорӣ бо хориҷиён айбдор мекунанд. Ҳамчунин ҳамла ба муаллимон, ба вижа омӯзгорони мактабҳои духтарона ба авҷ расидааст.

Дар гузориш инчунин гуфта мешавад, ки дар амалиёти нирӯҳои ҳукумати Афғонистон ва эътилофи байнулмилал низ теъдоде аз шаҳрвандони осоишта кушта шудаанд. Ин ҳодисаҳо, ба қавли Созмони Дидабони ҳуқуқи башар, қасдан ба амал наомадаанд, вале низомиёни афғон ва байнулмилал дар пешгирӣ аз онҳо коре накардаанд.
XS
SM
MD
LG