Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Маликӣ аз истеъфои вазирони Садр


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Маликӣ аз тасмими истеъфои 6 вазири гурӯҳи Садр истиқбол кард ва онро имконияти хубе барои интихоби вазирони беҳтар номид. Ва афзуд, вазирони нав на аз рӯи мансубияти мазҳабӣ, балки тавонмандӣ ва шоистагӣ интихоб хоҳанд шуд.

Ҷумбиши тарафдорони рӯҳонии шиъа Муқтадо Ал-Садр аз намояндагони худ дар ҳукумати Ироқ даъват кардааст, ба истеъфо раванд. Гуфта мешавад, мақсад аз ин кор фишор ба сарвазир Нурӣ Ал-Маликист барои таҳияи замонбандии хуруҷи нирӯҳои таҳти сарварии Амрико аз Ироқ.

Гурӯҳи Ал-Садр 6 вазир дар ҳукумат ва 30 вакил дар порлумон дорад. Аммо танҳо истеъфои вазиронро хостааст. Нозирони авзоъ мегӯянд истеъфои ин 6 вазири ҳукумати Ироқ бӯҳрони сиёсиеро дар ин кишвар ба бор нахоҳад овард.
XS
SM
MD
LG