Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Душанбе бо қатора ба Тошканду Алмаато


lh

Мақомоти ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, дар соли равон ду хати сайри Душанбе - Тошканд ва Душанбе Алмааторо роҳандозӣ хоҳанд кард. Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, барои анҷоми ин кор имконоти техники лозим дар дар ихтиёри ин ширкат фароҳам аст. Оғои Ҳукумов гуфт, дар ҷадвали ҳаракати қаторҳо дар соли равон ҳатман ду хайти сари дигар Душанбе Тошканд ва Душанбе Алмаато барои изофа пешниҳод хоҳад шуд.


Дар ҳоли ҳозир, танҳо як хати сайри Душанбе Маскав фаъол аст. Ва аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳрҳои дигари Шӯравии собиқ ҳаракати қатор вуҷуд надорад. Аммо бояд гуфт, ки дар се соли пеш қарор буд, як хати сайри дигари Душанбе Новосибирск низ роҳандозӣ шавад, ки то кунун ба далели мухолифати Узбакистон ва Қазоқистон амалӣ нашудааст.


Раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳанчунин гуфт, ки тарҳи сохтмани роҳи оҳани Колхозобод - Панҷи поён, ба манзури пайвастан ба масири Афғонистон дар ҳудуди 70 миллион доллар омода шуда ва ҷониби Чин барои сармоягузории ин тарҳ мувофиқат низ кардааст. Аммо, гуфт оғои Ҳукумов, ба далели он ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз меъёри пешбинишуда мебошад, давлат наметавонад замонати бозпардохти сармоягузории ин тарҳро ба ҷониби Чин бидиҳад. Ӯ гуфт, феълан роҳҳои ҳали ин масъала дар ҳоли баррасӣ миёни Тоҷикистон ва Чин аст.


Раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки барои таҷдиди низоми роҳи оҳан чандин барнома бо пешбинии 300 миллион сомонӣ омода шуда, вале давлати Тоҷикистон ва ширкати роҳи оҳан барои амалӣ кардани онҳо сармояи кофӣ дар ихтиёр надоранд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG