Пайвандҳои дастрасӣ

Чебурашка ба Ватан бармегардад?


Клоуи Арнолд Қаҳрамони бисёр содаву меҳрубони филми тасвирии маъруфи "Чебурашка" шояд намедонист, ки рӯзе дар маркази баҳсҳои молии сарватмандони ватаниву хориҷӣ қарор хоҳад гирифт.

Алишер Усмонов, миллиардери маъруфи рус, ки бо беш аз се миллиард дороиаш, ба қавли маҷаллаи "Форбс", дар феҳрасти сарватмандтарин шахсони Русия мавқеи 25-умро ишғол мекунад, гуфтааст, ки ният дорад, ҳаққи муаллифро тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз дасти ширкати амрикоии Films by Jove ба даст оварад. Усмонов гуфтааст, ки барои харидории «Чебурашка»-и иборат аз чаҳор бахш, ба ширкати амрикоӣ се миллион доллар пешниҳод кардааст, аммо ширкат даҳ миллион доллар тақозо кардааст. Ҳанӯз муомилаи ду ҷониб идома дорад.

Алишер Усмонов гуфтааст, ки вай мухлиси филмҳои тасвирии даврони Шӯравӣ аст ва мехоҳад, ки ҳуқуқи муаллифи 500 чунин филмро ба даст оварда баъдан онҳоро ба телевизони кӯдаконае бидиҳад, ки аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Путин созмон хоҳад ёфт. Усмонов мегӯяд, ки ин филмҳо "чун мероси миллии кишвар бояд ба Русия баргардонида шаванд".

Қиссаи ба Амрико фурӯхта шудани ҳаққи муаллифии филми "Чебурашка" аз соли 1992 маншаъ мегирад. Эрнест Раҳимов, раиси Иттиҳодияи аниматорҳои Русия гуфт, ки он сол на танҳо як филми "Чебурашка", балки дастаи беҳтарин филмҳои тасвирии Шӯравӣ фурӯхта шудааст.

"Дар ин маҷмӯа 60 ё 70 соат филми сабтшуда буд. Дар миёни онҳо беҳтарин филмҳо, мисли "Аспаки кӯзапуштак" ("Конёк-горбунок"), "Маликаи барфӣ" ("Снежная королева"), "Гулаки арғувонӣ" ("Аленький цветочек") буд. Ин ҳама фонди тилоии мо аст. Ин маҷмӯаи филмҳоест, ки хеле пеш сохта шудаанд ва дар пояи филмҳои тасвирии ширкати Дисней мебошанд".

Иттиҳодияи аниматорҳои Русия мегӯяд, ки ба як додгоҳи маҳаллӣ аз болои тасмими фурӯхта шудани филмҳо шикоят бурдааст ва ҳанӯз ин баҳсҳои додгоҳӣ идома дорад. Эрнест Раҳимов афзуд:

"Солҳои оғози перестройка, қавонини ҳаққи муаллиф дуруст таҳияву танзим нашуда буд ва ширкати амрикоӣ чашми маъмурияти собиқи "Союзмултфилм"-ро хато карда қарордодеро ба имзо расонид, ки ҳуқуқи моро маҳдуд мекард"

Он сол ширкати амрикоии Films by Jove барои ҳамаи филмҳои харидааш 900 ҳазор доллар, ҳамроҳ бо тамоми хароҷот ва молиёти ҳуқуқиаш пардохт кард. Инчунин ин қарордод пардохти ҳудудан 40 дарсади даромад аз намоиши ин филмҳоро дар назар мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, муаллифи достонҳои "Чебурашка" нависандаи шинохтаи рус Эдуард Успенский гуфт, ки вай умедвор аст, ки филми вай ба Русия бидуни талошҳои Усмонов бархоҳад гашт.

"Ман фикр мекунам, ки Чебурашка бояд нишони миллии Русия шавад"

Чебурашка, рамзи тими олимпиии Русия дар бозиҳои зимистонаи соли 2006 буд. Ин қаҳрамони кӯдакона дар ҷомеаи Ҷопон ҳам маҳбубияти вижаро касб кардааст. Успенский дар бораи идеяи эҷоди "Чебурашка" чунин нақл кард:

"Рӯзе, дар ҳамон аҳди болшевикӣ, ба як духтарча палтои пашмӣ мехаранд. Вай дар ҳар қадам меафтод ва падараш ниҳоят гуфт: "Чебурахнулас! Яъне уфтод! Чебурашка!" Ҳамон вақт ман бори аввал ин калимаро шунидам, чунки он бисёр камистеъмол буд. Ана ҳамин духтарчае, ки гиребони бисёр калон дошт, идеяи эҷоди ин қаҳрамонро ба ман дод"

Успенский дар достонаш мегӯяд, ки Чебурашка аз як кишвари гарм дар дохили қуттии афлесун тасодуфан ба Русия меояд ва бо тимсоҳи бисёр оқил Гена дӯст мешавад. Достони "Чебурашка" ҳанӯз ҳам дар миёни кӯдакон маҳбубият дорад ва пайваста тавассути телевизион намоиш дода мешавад. Соняи ҳашсолаву Гоша, додари хурдсоли вай мегӯянд, ки Чебурашкаро барои гӯшҳои паҳми бузург, ранги қаҳваӣ ва доирашакл буданаш дӯст медоранд.

Дар сурати дубора баргардонидани "Чебурашка" ва дигар филмҳои тасвирии бафурӯшрафта, тибқи қонунҳои байналмилалӣ - Русия ягона соҳиби ҳаққи муаллифи ин филм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG