Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи озмуни тарҳи Чаҳорбоғи Рӯдакӣ


Рӯзи душанбе, 16 апрел, кумиссиюни тадорукоти бунёди маҷмаъаи Рӯдакӣ таҳти сарварии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо баргузории як нишаст бо ҳузури 9 гурӯҳи кории меъморону санъаткорони кишвар тасмим гирифт, ягон лоиҳаро қабул накунад.


Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бастагӣ ба мавзӯъ гуфт, кумиссиюн тасмим гирифт, боз як даври дигари озмунро баргузор кунад, ки дар он ҳамакнун танҳо 4 гурӯҳи кории меъморон ширкат мекунанд. Ва аммо ба иттилоъи Мӯъмин Қаноат, узви ҳакамот, назире чун пайкараи қаблии Одамушшуаро, ки бахшида ба 1100 солагии Рӯдакӣ назди бинои Донишкадаи кишоварзӣ қомат афрохтааст, дар миёни тарҳҳои нав ба чашм нахӯрдааст.


Мӯъмин Қаноат дар сӯҳбати бе микрофон гуфт, ки эҳтимоли ба боғи Рӯдакӣ кӯч додани ин пайкара низ ҳаст. Маҳмадшо Илолов афзуд, дар даври ниҳоӣ ин тарҳ низ пешбинӣ шудааст.


Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи бархе аз санъаткорони тоҷик, бунёди маҷмаъаи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 4 млн. доллар кори саҳл нест ва дар ин маврид, аз сабр бояд кор гирифт ва меъморони хориҷиро низ барои ширкат дар озмун даъват намуд. Рӯзи 26 апрел даври ниҳоии озмун баргузор мегардад ва ҳакамон ахиран тарҳи маҷмаъаи Рӯдакиро қабул мекунанд.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG