Пайвандҳои дастрасӣ

Ағёр аз кӯмак ба ёр шуд хабардор?


Рӯзи якшанбе, 15 апрел Шӯрои Мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ғайримунтазира Волфовитсро маломат намуда, иброз дошт, ки аз сарнавишти ин муассисаи байналмилалии молӣ дар ташвиш аст. Аммо Волфовитс таъкид мекунад, ки истеъфо нахлҳад дод:

"Ман ба вазифаи ин муассиса бовар дорам ва ҳамчунин эътимод дорам, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳоям мебароям. Пуштибонӣ аз ман зиёд аст. "

Рӯзи якшанбе Кумитаи нозири Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз 47 вазири молияи кишварҳои олам иборат аст, рафтори Волфовитсро мавриди арзёбӣ қарор дод. Кумита бар ин назар аст, ки иқдоми раис Волфовитс ба эътибори бонк дар назди қарздиҳандагон ва умуман, ба ангезаҳои кории ходимони бонк таъсири манфӣ мерасонад. Аз изҳороти кумитаи нозир бармеояд, ки бонк маъзаратхоҳии ҳафтаи гузаштаи Волфовитсро қабул надорад.

Ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо ходимони бонк Волфовитс эътироф кард, ки дар боло бурдани мақому маоши ҳамнишинаш хонум Шаҳа Ризо нақш дорад. Волфовитс ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки бо хонум Ризо равобити наздик дорад. Соли 2005-ум замоне, ки Волфовитс раиси Бонк интихоб шуд, Ризо дар бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Бонки Ҷаҳонӣ ифои вазифа мекард. Волфовитс ҳамзамон бо қабули кори нав изҳор намуд, ки ҳузури хонум Ризо дар ин муассиса бархӯрди манфиат ба вуҷуд меорад. Ӯ пешниҳод кард, ки Ризо дар ҷои дигар кор кунад, вале маошро аз бонк бигирад. Ба ҷои кумитаи усули ахлоқии Бонки Ҷаҳонӣ ба Волфовитс иҷозат дод, Ризо корашро дар департаменти давлатии ИМА идома диҳад. Вале аснои тағйири кор маоши солонаи ин хонуми ҳамдами Волфовитс аз 132, 5 ҳазор доллар то ба 196, 5 ҳазор доллар афзоиш ёфт. Яъне, маоши ӯ аз маоши аъзои маъмурияти президенти ИМА бештар шуд.

Вазъи кунунӣ на танҳо рафтори Волфовис, балки ҳамчунин тарзи таъминоти кормандони ин муассисаи молиро зери суол қарор медиҳад. Акнун баъзеҳо мегӯянд, дар ҳоле ки Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои оламро ба решакансозии фасод ва шаффофияти истифодаи қарзҳо ташвиқ мекунад, эътибори худи Бонк мавриди шакку шубҳа мебошад. То ҳол маълум нест, ки бонк аз ин бӯҳрон чӣ гуна хориҷ мешавад. Возеҳ аст, ки ҳар интихобе бар муқобили Волфовитс хоҳад буд.

Ба қавли шореҳон, Волфовитс пеш аз бӯҳрон ҳам бо мухолифати як идда кормандони он мувоҷеҳ буд. Брет Шеффер, таҳлилгари Бунёди Ҳеритаҷи шаҳри Вашингтон мегӯяд, душмании баъзе мансабдорони бонк ба раёсати Волфовитс бо тарҳрезии ҷанги Ироқ иртибот дорад. Он замон ӯ муовини Доналд Рамсфелд, вазири мудофиаи ИМА буд. Ҳамчунин, сиёсати Волфовитс дар дохили бонк шумораи душманони ӯро афзоиш додааст.

Баъди шурӯъи кор дар бонк Волфовитс маъракаи мубориза бо фасод дар кишварҳои қарзгирандаро оғоз намуд. Мунаққидони Волфовитс дар бонк ва берун аз он мегӯянд, ӯ кишварҳоро мавриди муҷозоти шадид қарор медод. Барои мисол, дар соли 2005-ум Волфовитс бо ишора ба поймолшавии ҳуқуқи башар тақдими қарз ба Узбакистонро тасдиқ накард. Дар пайи он президенти Узбакистон Ислом Каримов фармон дод, ки пойгоҳи ҳавоии ИМА дар қаламрави Узбакистон баста шавад. Дар ин бора шореҳ Шеффер мегӯяд:

" Ӯ се ҳалқаи гуногуни серғазабро дар муқобили худ қарор дод, ки доимо вазъи сиёсии дохоли бонкро номуайян нигаҳ медошт. Вале ҳозир ба ин вазъ хатои шахсии ӯ омехта шуд, ки фаъолиятҳои машкуки ҳамдамашро дар бар мегирад. Яъне, он шахсоне, ки одатан дар муқобили ӯ буданд, вазъро ба нафъи худ истифода мебаранд. Ин албатта ӯро аз масъулият раҳо намекунад, вале мехоҳам гӯям, ки сабаби ин нигарониҳои беҳадду андоза дигар аст"

Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд, Шӯрои Мудирони Бонк метавонад ҳар лаҳза Волфовитсро барканор намояд. Вале дигарон бар ин назаранд, ки Шӯро ӯро заифу беэътибор карда, ҳамчун лӯхтаки зери даст ҳифз менамояд. Ба қавли Шеффер, ҳатто дар сурати ҳифзи мансаб дар ваҳлаи кунунӣ аз эҳтимол дур аст, ки соли 2010-ум Волфовитс бори дигар ба курсии раҳбари Бонк интихоб шавад. Шеффер меафзояд, ки ба ақидаи бисёриҳо Бонки ҷаҳонӣ ба ислоҳот ниёз дорад ва таърихан маълум аст, ки шахси ҷадиди ислоҳотталаб мавриди пазироии гарми ходимони собиқадор қарор нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG